Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар лолаи доғдори пурхун
Гӯё ки зи каф фитода ҷомест,
Ҳар ғунчаи дарфиғони хомӯш
Як шеъри бадарди нотамомест.

Агар аз таъкиди аҳаммияти мавзӯъҳову муҳтавои шеъру достонҳои устод Мӯъмин Қаноат, ки мақолаву рисолаҳои бисёр дар ин хусус навишта шудаанд, бигзарем, бузургтарин ва назаррастарин хидмате, ки ӯ барои адабиёти мо, хусусан барои таҳаввули шеър кардааст, ин аст, ки баъд аз устодон Лоҳутиву Турсунзода фосилаи байни шеъри муосир ва шеъри классикии тоҷикро ба маротиб кӯтоҳ кард, риштаи пайванди шеъри гузаштагону имрӯзиёнро гиреҳи тоза зад. Аввалан, ӯ забони шеърро аз луғоти ба шеър номуносиб, аз тарақотуруқҳо, аз калимоту таркиботи омиёна софу тамиз карда, ба ин васила сатҳи шеъри муосирро ба зинаи сифатан нав бардошт, нафосат, салосат ва асолати шеъри тоҷикиро эҳё намуд. Пурбории калимаҳо, рехтагии таъбирот, равшании маъниву ҳадаф, истеҳкоми лафзу мантиқ, таносуби савту маънӣ – ин ҳама сифатҳое ҳастанд, ки махсуси ашъори устод Мӯъмин Қаноат мебошанд. Бубинед, дар ин як банди мусалласи кӯтоҳи «Мезебад», агар таваҷҷуҳ ва тааммуқ бикунед, ҳамаи сифатҳои мазкурро дармеёбед:

Моҳ дар рӯи ту ватан дорад,
Мавҷ аз зулфи ту шикан дорад,
Ҳардуро обу тоб мезебад.

Ин сифатҳоро устод Мӯъмин Қаноат аз заруриёт ва мураккаботи аслии шеър медонад ва ин маъниро дар оғози достони «Суруши Сталинград» ҳамчун мароми эстетикӣ ва шоирии худ эълом доштааст. Вазну тамкин, қудрати ҷонофарин, сеҳри мурдаро зинда гардонидан, дорои муҳит, умқу фароз ва мадду ҷазри худ будани сухани шоирро устод Мӯъмин Қаноат шарти ҳатмии шеъри асил мешуморад.
Моҳияти фалсафии диди эстетики ӯ низ бар ҳамин аслҳо асос гирифтааст. Хонандаи закӣ ин ҳақиқатро аз мутолиаи шеъру достонҳои устод ба осонӣ дармеёбад ва ин нукта аз ҷониби адибон пазируфта шудааст.

пешина
аз 202
навбатӣ