Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ аз ҷумла гуфта буд: «Дар ибтидои асри 20 шеъри тоҷикӣ рӯ ба инқироз ниҳода, кохи бузургу муҳташами сухани бадеъ, ки қарнҳо равшану рангину муҷалло буд, андак-андак ба торикистон табдил меёфт.
Танҳо дар баъзе гӯшаҳои он кох чанд нафар буданд, ки шамъи сухани шоиронаро фурӯзон медоштанд. Лоҳутӣ ба ин муҳит мисоли барқ омад ва он кохро пурнур гардонд…»
Дар ин пораи тавсифиву тасвириву таҳқиқӣ аз суханронии кӯтоҳу пурмуҳтавои устод Қаноат вазъи шеъри тоҷикӣ дар ибтидои қарни 20, аҳаммияти вуруди Лоҳутӣ ба майдони адабиёти тоҷик ва нақши ӯ дар танвири кохи сухан чунон кӯтоҳ, фарогир, аниқ ва образнок ифода гардидааст, ки эҳтиёҷе ба илова кардани сухани дигаре бар он намемонад. Дар он конфронс банда то дараҷае зери таъсири ин суханони нишонраси устод будам ва онҳо зеҳнамро чунон тасхир карданд, ки дигар маърӯзаҳову суханрониҳои тӯлонӣ ба хотирам роҳ наёфтанд ва дар ёдам ҳам намондаанд.
Суҳбати дигари устод Мӯъмин Қаноат, ки дар ёдам нақш бастааст, зимистони соли 2001 дар хонаи эҷодиёти адибон дар мавзеъи Переделкино сурат гирифта буд. Он вақт банда узви раёсати Хазинаи байналмилалии адабиёт будам ва ба ҷаласаи навбатии он ба Маскав ҳамроҳи устод Қаноат рафтам. Аз рӯи нақшае, ки қаблан омода ва ба мо дастрас шуда буд, пас аз ҷаласа дар Переделкино дар мавзӯи «Шеъри имрӯз: роҳҳои таҷаддуд» мизи мудаввар баргузор гардид, ки идораи маҷаллаи «Дружба народов» ташкил карда буд. Дар мизи мудаввар адибони маъруфи замони шӯравӣ Римма Казакова, Евгений Евтушенко, Анатолий Парпара, Владимир Огнев, Михаил Шевченко (Доля Михаил), Владимир Некляев, адибон аз ҷумҳуриҳои Қафқоз ва соҳили Балтик иштирок доштанд. Кори мизи мудавварро сармуҳаррири маҷалла Александр Эбаноидзе бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, риштаи суханро ба Е. Евтушенко дод ва ӯ мухтасар аз таҷрибаи «Тазкираи адабиёти Россия»-ро тартиб доданаш дар Амрико суҳбат кард, вале аз мавзӯи мизи мудаввар дур рафт. Раиси ҷаласа нороҳат шуд ва гӯё роҳи халосӣ аз вазъият ва имдод мехоста бошад, навбати суханро ба устод Мӯъмин Қаноат дод. Маро беихтиёр ҳаяҷони ботинӣ фаро гирифт, ки дар ин маҳфили «наҳангҳо»- и шеър устод аз чӣ оғоз мекардаву чӣ мегуфта бошад.

пешина
аз 202
навбатӣ