Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Илова мекунем, ки баҳогузории муаллиф ҳам дар хусуси ин асари Шакурӣ ба таври возеҳ падид омадааст.
Муҳаққиқ ҳамчунон хидматҳои арзандаи Муҳаммадҷон Шакуриро дар соҳаҳои мухталифи адабиётшиносиву таҳқиқи забони тоҷикӣ, таҷассуми ҳолатҳои таърихӣ ва оқибат шинохти ҳувияту худшиносии миллӣ низ мавриди андеша қарор медиҳад.
Такроран мегӯям, ки қимати ин мақола ва мақолаҳои дигари китоби нави Абдураҳмони Абдуманнон дар он аст, ки дар онҳо дар баробари таҳқиқу пажӯҳиши адабӣ симоҳои эҷодӣ, вежагиҳои шахсиятҳои маъруф, адибону олимони тоҷик ба тасвир ва нигориш меоянд, ки ин хеле муҳим аст ва барои онҳое, ки ин шахсиятҳоро намешиносанд ва хусусан барои ояндагон хеле қиматнок хоҳад буд, зеро фардо ин симоҳоро каси дигар наметавонад чунин мондагор таҷассум созад.
Ин ҷо метавон илова кард, ки дар мақолаи «Таҳкурсии адабиёт савод аст» низ бо вуҷуди кӯтоҳ будани ҳаҷмаш дар масъалаи муҳимтарини рӯз, истифодаи дуруст ва саривақтии вожаҳову ибораҳо, иштибоҳоти роиҷ дар матбуот хеле бамаврид бонги изтироб зада мешавад, ки ин иқдомро Муҳаммадҷон Шакурӣ хеле хуб оғоз карда буду имрӯз аз ҷониби забоншиносон ва адабиётшиносони мо хуб аст, ки идома меёбад. Муҳаққиқ барҳақ менависад, ки «ноширону муҳаррирон на танҳо нисбат ба забони адабӣ масъулият надоранд, балки эҳтироми хонанда ва масъулияти касбии худро пушти по мезананду на шарм медоранд ва на аз ҷинояти маънавӣ метарсанд».
Андешаву мушоҳидаҳои ҷолиби муҳаққиқ сахт ва рӯирост гуфта шуда, ба манфиати ҷомеа ва забони миллии мост. Аз ҷумла: «Забони адабии шифоҳии гуфтории мо ҳанӯз дар оғози ҷараёни ташаккул қарор дорад ва кӯшишу заҳмати зиёди адибону журналистон лозим аст, то шакли зебову шевои он роиҷ шавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё