Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи тадқиқи ҳамаҷонибаи «Ёддоштҳо» ба М. Шакурӣ муяссар гардид муайян кунад, ки устод Айнӣ дар банду баст ва усули нигориши ин асар аз анъанаҳои насри классикии миллӣ, бахусус аз усули ривоятии Носири Хисраву Саъдӣ ва Восифиву Аҳмади Дониш, аммо дар роҳу тадқиқи бадеии воқеияти таърихӣ ва офаридани характерҳои бадеӣ аз таҷрибаи насри реалистии рус, хусусан аз таҷрибаи ёддоштнависии М. Горкий, эҷодкорона истифода намуда, ба ҳамин тариқ таркибу омезиши анъанаҳои Шарқу Ғарбро дар жанри ёддошт таҷассум кунонидааст.
Мақолаи «Саҳифаҳои нафрат ва тамасхур» ба таҳлили ғоявию услубии ҳикоёти ҳаҷвӣ ва мутоябавии «Ёддоштҳо»
оид буда, зимнан муҳаққиқ барои ошкор кардани маҳорати устод Айнӣ дар ин тарзи тадқиқи бадеии характерҳо кӯшидааст. «Дар «Ёддоштҳо», – менависад ӯ, – фоҷиа ва ханда, воқиаҳои фоҷиавӣ ва воқиаҳои хандаовар паҳлӯ ба паҳлӯ омадаанд… яке дигареро эзоҳ медиҳад, яке моҳияти дигареро равшан мекунад. С. Айнӣ бо маҳорати тамоми мусаввири реалист ба тавассути як силсила ҳикояҳо, хусусан образҳои ҳаҷвие мисли Абдуллохоҷа, Парвардгорхоҷа, Мулло Вафо, Абдуфаттоҳ тавонистааст нишон диҳад, ки аксари воқиаҳои хандаовари «Ёддоштҳо» дар асл «ҳодисаҳои даҳшатноке мебошанд, ки сохти феодалӣ дар дами марг ва талвосаи ҷонканияш ба сари халқи мазлум оварда буд». Аз ҳамин ҷост, ки М. Шакурӣ моҳият ва мазмуни амиқи иҷтимоиву сиёсии ҳаҷв ва мутояботи бадеиро дар эҷодиёти устод Айнӣ ҳамаҷониба тадқиқ намуда, ба хулосаи ҳаққоние омад, ки «С. Айнӣ яке аз бузургтарин ҳаҷвнависон умуман дар таърихи адабиёти тоҷик аст».
Баррасии ҷиҳатҳои гуногуни мероси гаронбаҳои устод Айнӣ аз ҷониби Муҳаммадҷон Шакурӣ дар рисолаи ӯ «Садриддин Айнӣ», ки соли 1978 ба ҳуруфи арабӣ ба муносибати 100-умин солгарди зодрӯзи устод чоп шуд, як дараҷа ҷамъбаст гардид. Дар ин рисола самтҳои ояндаи тадқиқи мероси Айнӣ дар манзари насри реалистии умуми Иттифоқ низ муайян карда шуд.

пешина
аз 202
навбатӣ