ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Дар назди донишмандон оҳиста сухан бояд гуфт. Агар илоҷаш бошад, ором бояд нишаст.
Аз меҳмон асло боло нашин. Чизе дар кулбаат дошта бошӣ, пеши меҳмон барор. Меҳмон ба хонаи ту фиристодаи Худо аст.
Ба касони номувофиқ асло ҳамроҳ нашав. Бо чунин одамон ҳамсӯҳбат нашав. Аз чунин касон худро канор гир.
Ба фарзанди худ меҳрубон бошу ба ӯ касбу ҳунар омӯз.
Ба ӯ номи писандида гузор. Хонадораш бикун. Инаст қарзи падарӣ барои фарзанд.
Фарзандонро, хоҳ бад бошаду хоҳ нек, як бишумору ба роҳи рост ҳидояташон бикун.
Ватани худро, миллататро, падару модаратро асло наҳ (танқид, бадгӯӣ) макун.
Ба ҳайвоне, ки дар хонаат дорӣ, беҳуда ҷабр накун.
Онҳоро беобу хӯрок намон. Агар баста бошанд.
Сайёдӣ кори мушкил аст. Охираш ба кас хорӣ меорад.
Барои сайёд шудан андеша бояд кард.
Ба саросемагӣ кор накун, ки оқибаташ бароят зиёновар аст. Чӣ тавре мегӯянд:
Аспи тозӣ оқибат хорат кунад,
Марди оқил бо сухан борат кунад.
Ин сухан бовар бикун, ҷони ширин,
Таънаи бисёр абгорат кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё