Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ӯ операҳо, кантатаҳо ва чандин шеърҳоро ба оҳанг даровардааст. Яке аз бастакорони номдори тоҷик аст, ки мардуми ин диёр бо номи ӯ мефахранд. Месазад, ки мардуми ин диёр мактаби № 8-ро, ки марҳум хатмкардаи он аст, ба номи ӯ гузоранд.
Ҳофизи машҳуру нотакрори тоҷик Карими Шуш ҳам зодаи Кангурт мебошад. Ӯ дар замони худ бо овози марғуладори худ ва оҳангҳои дилпазираш дар байни халқ машҳур буд. Номи неки ӯро тамоми мардуми тоҷик ба ёд меоранд. Телевизиони «Сафина» дар бораи Карими Шуш гузориши хубе дода буд. Дар Тоҷикистон ин ҳофизи машҳуру нотакрорро ҳама медонанд. Имрӯзҳо баъди маргаш мардуми Тоҷикистон ӯро ба некӣ ба ёд меоранд. Аз байни мардумони кангуртӣ бисёр номбардорони санъати тоҷик, мисли актёрони машҳур Убайдулло Раҷабов, Лутфулло Давлатов, барандаи телевизион Эраҷи Ғоиб, ҳофизони машҳур Чиллахон Холов, Ҳабибулло Бегов, Шодмон Одинаев, Хуршед Қувватов, Ғуломов, Саидқул Билолов, Кароматулло Қурбонов ва бисёр дигарон дар ҷодаи санъати касбӣ ҳунарварӣ мекунанд ва ифтихори халқи Кангурту Тоҷикистонанд.
Мардуми Кангурт ба ин фарзандони номбардорашон ифтихор доранду номи неки онҳоро ба хубӣ ба ёд меоранд.
Инчунин қонуншиносони беҳтарини ҷумҳурӣ, ки дар Тоҷикистон маълуму машҳуранд, мисли дотситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимов, корманди соҳаи ҳуқуқ Хатича Ҳакимова зодагони ин диёранд. Ба наздикӣ, баъди Наврӯз онҳо ба Кангурт омада, тӯи хатнаи 100 нафар фарзандони ҳамдиёрашонро гузарониданд.
Яке аз зодагони номдори Кангурт, шахси сахию боҳиммат Шариф Давлатов аст, ки чанд сол пеш депутати Совети Олӣ интихоб шуда, чанд соле дар ноҳияи Балҷувон раиси Ҳукумати ин ноҳия буд ва ҳоло корманди вазорати таъминоти сотсиалии ҷумҳурӣ мебошад. Ин шахси боҳиммат аз маблағи шахсии худ хати телефонро аз Данғара то Кангурт ва Балҷувон овард, ки бисёр солҳо он вайрон буд.

пешина
аз 36
навбатӣ