Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вале ҳарду бо ҳам унс гирифта дӯстона зиндагӣ мекарданд.
Дар як ҷамъомаде аҳд мекунанд, ки занҳои ҳардуямон ҳомилаанд. Агар яке духтару дигаре писар таваллуд кунанд, бо ҳам гаҳворабахш мекунем.
Вақти таваллуд ҳам мерасад. Зани Ҷалол писар мезояду аз Мансур духтар. Рӯзе дар деҳа паҳн мешавад, ки Мансуру Ҷалол бо ҳам қудо мешаванд. Ин гап бо хости худо аз рӯи аҳдашон ба вуҷуд омадааст. Духтар Давлатхотун ном дошту писар Ҳусейн.
Рӯзе падари Давлатхотун бо занаш гуфт, ки биё аз аҳд мегардем. Мо аз чӣ кам ҳастем, ки духтарамонро ба як камбағали нодор медодаем. Биё ягон домоде аз хонаи ягон доро ҷустуҷӯ мекунем. Зан фикри шавҳарро рад карда мегӯяд. Мо дар ғоибии ин тифлон аҳд карда будем. Худо ҳамин хел кардааст. Аз ҳукми Худо гаштан хуб нест. Аммо шавҳар якравӣ карда, гапи занро намегирад. Мард мегӯяд, ки ҳар кас пояшро қади курпааш бояд дароз кунад. Зан ба гапи худ истода, мегӯяд, ки ба хости илоҳӣ зид набаро. Ин бо хости Худо ба амал омадааст. Ин кори тақдири азал аст.
Оҳиста – оҳиста фарзандҳо калон мешаванду бо ҳам шухию бозӣ мекунанд. Онҳо худро чун ошиқи пок медонистанд. Барояшон ягон баҳсу талош набуд. Калонтар шуда, муҳаббаташон зиёд мешавад.
Ҳусейн як соат бе Давлатхотун танҳо гашта наметавонист. Бо ҳам бисёр унс гирифта буданд. Давлатхотун ҳам намедид дар кофтукови Ҳусейн мешуд. Мардумони деҳаи Роғ, ки ин манзараҳоро медиданд, мегуфтанд, кай тӯй мешуда бошад?
Рӯзе Ҳусейн ба дилдодааш назар карда, ин рубоиро мехонад:
Давлатхотуне барги гули зардолу, Як бӯса бидеҳ ба дарди дилам дору.

Духтар ҳам ин хел мехонад:

Ман бӯса намедиҳам, ишқ даргузар аст,
Шарманда дар ин вақту азоби маҳшар аст.

пешина
аз 36
навбатӣ