ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Инро мехонаду аз хона баромада ба кофтукови Давлатхотун ба роҳ медарояд. Дар роҳ савореро дида мепурсад.
Савор мегӯяд, ки ман кӯчбастаеро дирӯз дида будам, ки сӯи Ҳулбук равон буданд. Инро мешунаваду бо чашми ашкбор ин шеърро мехонад:
Қади ту ниҳоли бесамар кард маро,
Ишқи ту гадои дар ба дар кард маро.
Ишқи ту чӣ мекунам дар ин камбағалӣ,
Ин меҳру муҳаббата худо овардай.
Баъд Ҳусейн рафтан мегирад. Баъди як рӯз ба бозори Ҳулбук мерасад. Он ҷо бобои Мансурро мебинад, ки ба тиҷорат машғул аст. Аз савдогаре мепурсад, ки ин мард дар куҷо зиндагӣ мекарда бошад. Касе мегӯяд, ки аз кӯҳистон омадаасту дар деҳаи Кадучӣ зиндагӣ мекунад. Ҳусейн сӯи Кадучӣ роҳ пеш мегирад. Онҷо пурсида хонаи бобои Мансурро меёбад. Мебинад, ки Давлатхотун дар айвон бо модараш нишастааст. Он гоҳ ин шеърро мехонад:
Духтари бобои Мансур,
Қади ту қади тамбур.
Рӯятро гардон сӯям,
Ту маро кардӣ маҷбур.
Давлатхонтун овозро мешунаваду мебинад, ки Ҳусейн омадааст. Вай дар ҷавоб ин шеърро мехонад:
Ситора залилу заъфарон буд имшаб,
Ин Ҳусейни дар ба дар меҳмон буд имшаб.
Ҳусейн ин байтро шунида, гирён мешавад. Давлатхотун боз ин байтро мехонад:
Ҷонона маро мисоли моҳпора набин,
Дар ҳавлии худ фақиру бечора набин.
Дилгир манам раҳи туро менигарам,
Ту дасти маро бигиру ин ҷо манишин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё