Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

АфсонаКӯдакон

ЗАХМИ СУХАНИ БАД

Буд, набуд, як марди ҳезумкаш буд.
Вай ҳар пагоҳ банду табарашро гирифта, ба бешаҳои кӯҳӣ мерафт, ҳезум тайёр мекард, пуштора карда, ба бозор оварда мефурӯхт.

Рӯзе вай дар беша як дарахти хушки арчаро афтонда, майда карда истода буд, ки аз куҷое як Хирси бадҳайбати калон пайдо шуда, ба пешаш омад. Ҳезумкаш Хирсро дида сахт тарсид ва «ҳозир ин Хирс маро нобуд мекунад» гуфта умедашро аз зиндагӣ канд.

Аммо бар хилофи интизории ӯ, Хирс кордор нашуда, пурсид:

— Эй мард, ман дидам, ки ту бо азоби зиёд ба ин ҷо баромадед, бо машаққат дарахтро афтонда, майда кардӣ, ба ман гӯй, ки барои чӣ ба ту ин даркор аст?

— Ман онро ба бозор бурда мефурӯшаму ба пулаш нон харида, бо занам рӯз мегузаронам, — ҷавоб дод мард.

— Ин тавр бошад, — гуфт Хирс, — ту овора шуда, азоб кашида нагард. Ман бекор ҳастам, ҳар рӯз як банд ҳезум тайёр карда, бурда дар доманаи кӯҳ мемонам, ту омада гирифта рафтан гир.

Рӯзи дигар мардак омад, ки Хирс дар ҳақиқат дар ҷойи гуфтагиаш як банди калон ҳезум тайёр карда мондааст. Вай хурсанд шуда, ҳезумро пуштора карда рафт.

Чанд рӯз ҳамин хел давом кард. Як рӯз мардак фикр кард, ки ин хирс ба ман бисёр некӣ карда истодааст, ман ҳам бояд ба нағзии ӯ бо некӣ ҷавоб гардонам. Вай ҳамин хел фикр карда ба занаш гуфт:

— То омадани ман ягон хӯроки нағз тайёр карда мон, ман як ҷӯраамро гирифта мебиёрам.

Занаш хӯб гуфту мардак баромада рафт. Ба беша расида хирсро кофта ёфта, ба меҳмонӣ таклиф кард. Хирс розӣ нашуд, вале мардак бисёр илтимос карда, ӯро розӣ кунонид.

Ҳар ду гапзанон карда, ба хонаи мардак омаданд. Занак пешвоз баромада дид, ки шавҳараш бо як хирси бадҳайбат омада истодааст.

— Оҳ, рӯям сиёҳ! — гуфт зан ба шавҳараш. — Ҷӯраи ту магар ҳамин хирси баднамуд аст?!

Хирс ин суханони заҳролудро шунида, сахт ранҷиду ба мардак гуфт:

— Бо ҳамин табарат ба сари ман якто зан!

аз 19
навбатӣ