Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

— Занам нодуруст мегӯяд. Вай кӣ будани туро ҳанӯз намедонад, ту хафа нашав, — гуфт мард таъсири суханони занашро аз дили Хирс баровардани шуда. Аммо Хирс ба гапаш сахт истода гуфт:

— Ба сарам бо табарат зан! Агар назанӣ, ҳардуятонро кушта, хонаатонро вайрон карда меравам!

Мард сахт дар ташвиш афтода фикр кард: «Агар назанам, ин хирси якрав гуфтагиашро мекунад, беҳтараш, ки зада сарашро ду бўлак кунам, бо ҳамин ў мурда мераваду ҷонамон халос мешад».

— Хайр, илоҷ чӣ, — гўён вай табарашро бардошта, бо тамоми қувваташ ба сари Хирс зад. Хирс ғарқи хун шуда, аз ҳавлии мард баромада рафт.

Мард бошад, боварӣ ҳосил кард, ки баъди ин хел захми чуқур Хирс зинда нахоҳад монд. Вале ӯ ба ҳар ҳол ин воқеаро аз хотираш баровардани шуда, якчанд вақт барои ҳезум ба бешаҳои дуртар мерафтагӣ шуд.

Дурии роҳ ӯро хеле азоб медод, бинобар ин «Хирска мурда рафтагист, ба ҳамон ҷо рафта, ҳезум орам, беҳтар нестӣ?» гӯён, ба сӯйи ҳамон беша равон шуд.

Омада, як дарахтро афтонда истода буд, ки ногаҳон Хирс пайдо шуд. Мардак ба теппаи сари ӯ, ки саппа-сиҳат шуда, аз захм осоре боқӣ намонда буд, чашм дӯхта, ҳайрон шуда монд.

— Ҳа, ошно, — гуфт Хирс, — мебинӣ, ки аз захми табарат осоре боқӣ намондааст? Оре, захми табар сиҳат шудааст, вале захми суханони нешдори занат аз дилам гум намешавад! Имрӯз садои табари туро шунидаму он захм аз нав тоза шуд.

Гапи Хирс ҳақ буд ва мардак чизе нагуфта, банду табарашро гирифту бо сари хам аз беша баромада рафт ва дигар ба ин ҷо наомад.

пешина
аз 19
навбатӣ