Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Хоб омаду хоб омад
Аз кӯҳи Варзоб омад,
Ба хонемон омад хоб
Бо бӯи гули Яғноб.
Хоб омаду якбора
Даромад ба гаҳвора,
Нӯғ-нӯги пои Бону
Оҳиста рафт то зону
Бӯсид ду дасти Бону,
Чашмони масти Бону,
Бӯсид рухи хандонаш,
Ҳатто, аз ду дандонаш.
Ханда ба лаб, рӯ маҳтоб,
Бонуҷонам рафта хоб.

пешина
аз 80
навбатӣ