Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хонданРАСТАИ ГУЛ
- Духтараки хаймарӣ,
Гул ба куҷо мебарӣ? - Мебарам дастаи гул
Ба сӯи растаи гул.
Шавад растаи бозор
Аз гули ман лолазор.
Фарёд занам: - Ҳо, мардум,
Хонетон пури гандум!
Дастагул аз ман харед,
Ба модари худ баред!
Бобоҷон, имрӯз аз гул
Дарег надор асло пул.
Баҳри момо гул бигир,
Магӯ, ки ӯ шудаст пир.
Гул дида, ҳандон шавад,
Ба шодӣ ҷавон шавад.
Ҳоӣ ако, ба се танға
Се гул бубар ба янга.
Бигир аз гул ду дона
Ба модарат, дугона!
Дар ёд доред, имрӯз ид
Иди бузургу саид.
Иди ҳама модарон,
Иди ҳама хоҳарон.
Аз ҳамаи тӯҳфаҳо
Гул ҳадяи бебаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё