Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хондан

Деҳаи мо – Тангабоғ,
Танга ба ҳар боғу роғ.
Дашту даман тангазор,
Тарфи чаман тангазор.

Субҳ, ки борон шавад,
Танга фаровон шавад.
Тангаи зебо бубин,
Зевару тилло бубин.

Донӣ, ки ин танга чист?
Тангаи хушранга чист?
Қоқуи хандонак аст,
Заррину раҳшонак аст!

пешина
аз 80
навбатӣ