Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Самарқанд афтобаш нағз,
Ҷангарара хобаш нағз.

Бедор шавад чӯяд ҷанг,
Дили ҷангара аз санг.

Зиқ шавад ӯ хап шинад,
Бе ҳарфу беғап шинад.

Мисли хурӯси куланг
Тайёр бувад ӯ ба ҷанг.

Сиҳ мекунад мӯҳоша,
Чин мекунад рӯҳоша,

Чашмонаш шавад ало,
Бача не, вай як бало.

Номаш гӯям? Ҳай, ҳай, ҳай
Охир, метарсам аз вай.

пешина
аз 80
навбатӣ