Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданАЙЁМИ ИДИ НАВРӮЗ
Рӯзи иди модарон
Чаро боридӣ борон?
Айёми иди «Наврӯз»
Боридӣ се шабу рӯз.
Бас, акнун дигар набор,
Боронгарӣ шуд бисёр.
– Не, не! Бимон, ки борам,
Ман кори беҳад дорам.
Меборам то ҷав расад,
Зуд вақти дарав расад,
Фаровон шавад гандум
Дар роҳат бошад мардум.
Борам, то дар кӯҳсорон
Рӯяд ревоҷу торон,
Занбӯруғ шавад қатор
Дар канори бешазор,
Бари қокую хулбӯ
Сабза дамад лаби ҷӯ.
Лола, ки рӯяд ба бом,
Кори ман шавад тамом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё