Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хонданИДИ РАМАЗОН
Омад иди Рамазон,
Дар бозор ҳалво арзон.
Бобоҷон, баъди намоз,
Ҳалво оред ба мо боз.
Ба ман харед, ҷон бобо,
Кулчаи «Кунҷидҳалво»,
Аз барои Дурдона
Ҳалвои «Мағзи дона».
Гиред барои момо
Ҳалвои «Лавз» як кило,
Зеро ки мебинад нағз
Момоям ҳалвои «Лавз».
МУЛИЁН
Пурсидам аз Гулистон:
– Боғча хуб ё дабистон?
Гуфт: – Ҷои хуб Мӯлиён,
Ҳавлияки бобоҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё