Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданДар сояи дӯлона,
Дар арғунчак Ҷонона.
То пашшаҳои беор,
Ӯро накунанд бедор,
Гирди сари Ҷонона,
Бибиҷонам парвона.
Ҷонона агар хобад,
Ҳама осоиш ёбад.
Низора шӯрад хамир,
Оҷаам пазад фатир.
Дег мешӯяд Ситора,
Ман сабзӣ кунам пора.
Ҳама шавем паи кор,
Эҳ, кор чӣ қадар бисёр!
Агар хезад Ҷонона,
Мемонад кори хона.
«Ар-ару-ар» сар шавад,
Бибем дарди сар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё