Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳоли Даврон пурсед
Ба вақти саҳар,
Дар ҷевон аз либосаш
Наёбад асар.

Домони куртаашро
Сагча хоида,
Дар рӯи пали кашниз
Тоқӣ хобида.

Шими дар мех овезон
Ба лой олуда,
«Дер шуд» гӯяду резад
Оби ду дида.

Тоза карда шимашро
Модар пӯшонад,
Бо уту бибиҷонаш
Тоқӣ хушконад.

Хоҳарчааш мӯзаро
Оварад тозоӣ,
Мӯзааш пур, лаболаб
Аз оби борон.

Аз паи яккаписар
Дар ин хонадон,
Ҳам шому ҳам пагоҳӣ
Ҳама саргардон.

пешина
аз 80
навбатӣ