Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа
Ин китоб аз аввал то ба охир мавҷи андешаҳо ва тахаюлоти муаллиф аст. Албата дар китоб баъзе ҳолатҳои ҳақиқии рўзгори мо аз таҷрибаи кории муаллиф-ҳуқуқшинос, собиқ корманди милиса ва ҳампешагони ў аз мақомотҳои тафтишотии кишвар ба риштаи тасвир кашида шудааст. Ҷойи ҳодиса, макони амал ва персонажҳои асар низ бофтаи тахаюлоти муаллиф мебошад.
Мувофиқ омадани ҷойи ҳодиса, макони амал ва ному насаби нафаре, ки дар он ҷо кор ва ё зиндагӣ мекунад тасодуфист.
Ҳуқуқи муаллиф дар зери ҳимояи қонун аст. Ягон қисматеро аз ин китоб таҷдид ва истифода бурдан дар кадом шакл, дар кадом навъе набошад аз ҷумла нусхаи чопӣ, овозӣ ва шакли видеоӣ бе рухсати муаллиф манъ аст. Ҳама гуна вайронкунии қонун боиси дунболгирӣ ва тартиби дидани он дар суд мегардад.
Романҳои нави Шарифбек Азизӣ «Нигоҳе бо баҳои ҷон» ва «То реша дар об аст…» давоми мантиқии дигар асарҳои таълиф намудаи ин адиб аст. Ҷанбаи психологии асарҳо, тасвири ҳодисаву воқеаҳо аз нигоҳи қонун ба риштаи тасвир кашида шудааст ва хонандаро ба андеша водор месозад. Андешаи меҳнати ҳалол, зиндагии шоиста ва ободгору созанда будан...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё