Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ХОҲАРАКАМ НОЗАНИН

Гирифтам бори аввал
Хоҳаракамро бағал.
Оғӯшам пури пур шуд,
Гӯё ки ғарқи нур шуд.
Хоҳараки ширмастам,
Хобида рӯи дастам.
Бо муҳаббат ман ӯро
Менамоям тамошо.
Гӯям: «Номи ман Доро
Салом, хоҳараки мо!»
Ба рӯяш монда рӯям,
Мисли гул ӯро бӯям.
Ояд бар димоғи ман
Бӯи гули ёсуман,
Чӣ бӯе дорад ширин
Хоҳаракам Нозанин
Хоҳаракам дар дастам
Аз гули рӯяш мастам.

пешина
аз 80
навбатӣ