МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Инкишофи одам — ҷараён басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами руҳии одам айёми кӯдакӣ ва ҷавонӣ бошиддат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағйироти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Хусусияти ин ҷараён бо роҳи диалектикии аз тағйироти миқдорӣ ба дигаргунии сифати ҷисмонӣ, пихологӣ ва маънавӣ гузаштани шахсият мебошад.
Намояндагони ҷараёнҳои гуногуни файласуфӣ ин тарзи инкишофро гуногун маънидод мекунанд, аз бисёр ҷиҳат ин раванд ҳалли пурраи худро пайдо накардааст.
Инкишофи одам раванди табиӣ, идоранашаванда, худбахудрӯйдиҳӣ: инкишоф новобаста аз шароити зиндагӣ ва фақат аз «иқтидори модарзодиаш» муайян карда шудааст; инкишофи одам бақисмати ӯ вобастагӣ дорад, ки ҳеҷ кӣ ва ҳеҷ чӣ ӯро тағйир дода наметавонад, — ин фикри қисми ками намондагии фалсафаи идеалистист. Фалсафаи деалектикии материалисти маънидод мекунад, ки инкишоф ҳамчун хосияти материя дар ҳаракат ва худҳаракаткунӣ мебошад. Дар инкишоф кӯнаҳо нест мешаванд ва навҳо ба вуҷуд меоянд. Одам аз ҳайвон дар ҳаёт бо қобилияти ақлаш (шуурнокӣ) фарқ мекунад, ба воситаҳои меҳнат мавҷудияти худро бунёд мегардонад.
Қувваи ҳаракаткунандаи инкишоф ин муборизаи мухолифатҳо мебошад. Мухолифатҳо ба «муҳаррики абадӣ» шабоҳат доранд, онҳо мунтазам барои азнавтағйирдиҳӣ ва навкунии нерӯи тамомнашаванда мадад дода меистанд.
Мухолифатҳо ин ба ҳамдигар бархӯрда, дар ибтидо низои муқобилиятӣ нишон медиҳанд. Ба одам кофтану фикр кардани онҳо шарт нест, онҳо дар ҳар қадам ҳамчун оқибати талаботи дигаргуншавии диалектикӣ баҳри тавлид намудани инкишоф пайдо мешаванд. Худи одам низ пур аз мухолифатҳо мебошад.
Мухолифатҳо дар ҳаракати инкишофи оммаи одамон бисёр ва ба инкишофи баъзе одамон хосанд хусусияти универсалӣ доранд, мухолифатҳо байни пайдошавӣ бо таъсири омилҳои объективии талаботи одам, аз маводи оддӣ сар карда то ба охири баландтарини руҳӣ ва имкониятҳои қаноатмандгардонии онҳо давом мекунад.
Мухолифатҳои пайдошудаи вайронкунии баробарвазнӣ байни ҷисму муҳит, ки ба дигаргунии рафтор меоранд, ба мутобиқшавии организм ҳам ҳамин тавр хусусият доранд. Мухолифатҳои ботинӣ дар заминаи «норизоӣ ба худ» пайдо мешаванд ва ба ангезонидани инфиродии одам, вале зоҳирӣ бо қувваи ҳавасмандгардонӣ аз берун бо мносибати одам бо дигарон, ҷомеа, табиат ба миён меояд. Яке аз мухолифатҳои асосии ботинӣ ба шохаҳо ҷудошавии байни пайдошавии талаботи нав ва имконнопазирии — қонеъгардонии онҳо мебошад.
Ба инкишофи инсон хусусан айёми кудакӣ муҳити оила таъсири калон мерасонад. Дар хонадон одатан инкишоф ва ташккулёбии аввалин ҳаёти инсон ҳалли худро меёбад. Кудак одатан инъикоси дақиқи оиларо мегирад, ки дар он рушду камолот меёбад. Оила аз бисёр ҷиҳат шавқмандӣ ва талабот, ақида ва ояндаи кудакро муайян мекунад. Оила ин узви кучаки ҷомеа ба шумор меравад.
Инсон аз муҳити иҷтимоӣ таҳти робита бо дигарон таҷрибаҳои зиндагӣ, тарзи муомила, ҳарфзанӣ, тафаккуру ақидаронӣ ва амсоли инҳоро ёд мегирад. Дар инкишофи инсон воситаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, оила, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, воситаҳои интишори ахбори омма ва ғайраҳо нақши муҳим мебозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё