МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аммо муҳити иҷтимоӣ ҳам тавассути гурӯҳҳои носолим метавонад таъсири манфӣ низ расонад, чунончи, қиморбозӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, бесаводӣ ва ғ.
Вале бояд дар хотир дошт, ки ҳамаро дар як қолаб донишманди мумтоз тарбия кардан мумкин нест. Ҳар кас бо ҳиссаи муайян кардаи ирсият ва муҳити худ инкишоф меёбад.
Тарбия таъсири ирсияту муҳитро саҳеҳу тасҳеҳ мегардонад. Баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ мунтазаммии тарбия меафзояд. Дар шароити кунунӣ бидуни таълиму тарбияи бардавом ва махсус дар зиндагӣ судманд иштирок намудани инсон мушкил аст. Махсусан тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад мекунад, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, қобилиятҳои табии ӯ рушд меёбад.
Ҳамин тавр, дар инкишоф ва ташаккулёбии шахсият ва аломатҳои инфиродӣ бо таъсири омилҳои ирсият, муҳит ва хусусан тарбия рушд меёбад.
САВОЛҲО:
- Инкишофи шахсият чист?
- Фаъолият ба инкишофи шахс чӣ гуна таъсир мерасонад?
- Оё, фаъолонагӣ ба инкишофи шахсият таъсир мерасонад?
- Кадом вақт одам ҳамчун шахс ташаккул меёбад?
- Мақсади таълиму тарбия дар замони ҳозира аз чӣ иборат аст?
2.8. Баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ дар раванди педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Монандӣ ва фарқияти мафҳумҳои «фардият» ва «шахсият» медонанд.
• Хусусиятҳои инкишофи шахсиятро муайян карда метавонанд.
Нақша:
• Мафҳуми «шахсият» ҳамчун хусусият ва сифатҳои иҷтимоии инсон
• Алоқамандӣ ва фарқияти мафҳумҳои «фардият» ва «шахсият».
МАФҲУМИ «ШАХСИЯТ» ҲАМЧУН ХУСУСИЯТ ВА СИФАТҲОИ ИҶТИМОИИ ИНСОН
Ҳадафи асосии тарбияи ҷомеаи демократии мо ташаккул додани шахсият аст. Вале барои ҳал кардани ин вазифа чӣ гуна сурат гирифтани инкишофи шахс ва омилҳои таъсиррасонии онро бояд донист. Пеш аз ҳама, муайян бояд кард, ки мафҳуми «шахсият» аз мафҳуми «инсон» чӣ фарқ дорад. Ба ҳалли ин масъала аз нигоҳи генетикии ба тариқи зайл муносибат мекунем.
Дар инкишофи умумии инсон ду роҳи бо ҳам робитадор — биологӣ ва иҷтимоӣ амал мекунад. Агар мо баъди ба дунё омадани тифл инкишофёбии ӯро мушоҳида кунем, ин ду роҳи пай дар пайро хуб дарк карда метавонем. Ҳамин, ки тифл ҳамчун мавҷудоти биологӣ ба дунё омад, инсон таваллуд ёфт мегӯем, вале на шахсият, зеро барои шахсият шудани ӯ ҳоло вақт нарасидааст, хусусият ва аломатҳои инкишофи биологӣ, вазифаҳои минбаъда ба балоғатрасӣ ва ташаккулёбии фардро таъмин хоҳад кард. Инсон дар тӯли фаъолияти зиндагӣ дар худ хусусият ва сифатҳои зиёди иҷтимоиро фароҳам меоварад ва инкишоф меёбад, ки ин аз мавҷудияти ҷамъиятӣ будани ӯ дарак медиҳад. Барои ҳамин ҳам, инсон дар илм мавҷудияти ҳам биологию ҳам иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Аммо мафҳуми «шахсият» бошад, танҳо хусусият ва сифатҳои иҷтимоии инсон, чунончи нутқ, шуур, одатҳои гуногун ва ғайраҳоро, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, дар бар мегирад. Хусусият ва сифатҳои биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешаванд. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият на ба хусусиятҳои ҷисмонии инсон, балки ба сифатҳои ҷамъятии ӯ вобаста аст. Алалхусус, мафҳуми «шахсият»ин тавсияи моҳияти ҷамъиятии инсон ва маҷмуи коркарди хусусият ва сифатҳои иҷтимоии ӯ дар тӯли зиндагӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё