МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аломати асосии шахсият ин фаъолияти ҷамъиятӣ ва устувории ақидаҳои ғоявӣ — сиёсӣ ва итминони комили ӯ мебошад. Ин ҷо қисман фаъолияти меҳнатӣ, ба ҳаёти оммавию сиёсӣ иштирок кардан, ақидаронӣ ва ғайраҳо низ дохил мешаванд.
АЛОҚАМАНДӢ ВА ФАРҚИЯТИ МАФҲУМҲОИ «ФАРДИЯТ» ВА «ШАХСИЯТ»
Хусусияти мафҳуми инсон ва шахсият бояд бо мафҳуми «фардият» пурра гардад. Фардият хусусиятҳои махсуси номмонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигар, як шахс аз шахси дигарро ифода мекунад. Фардият, ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсуси хусусият ва мизоҷ, фаъолияти эҷодии гуногун ва қобилият ҷудо мешавад.
Барои он, ки нисбати инсон ҳамчун мавҷудияти иҷтимоӣ маълумоти пурра диҳем, бояд оиди мафҳуми «фард» ҳам истода гузарем. Истилоҳи «фард» аслан арабӣ буда, маънои якка, танҳо, як кас, як шахсро дорад. Он ҳамчун мафҳум ва қисми алоҳидаи насли одамиятро мефаҳмонад. Яъне ҳар як одами солимақл фард шуда метавонад. Ба тариқи дигар гӯем, «фард» моҳиятан муродифи мафҳум «шахсият» аст.
Азбаски инсон дар тӯли зиндагӣ инкишофу ташаккул меёбад, барои педагогика моҳияти мафҳумҳои «инкишоф» ва «ташаккул»-и шахсиятро ифшо додан зарур аст.
Барои педагогика ва илмҳои дигаре, ки нисбати инкишофи шахсият баҳс мекунанд, ба инобат гирифтани сарчашма ва омилҳои асосии инкишоф масъалаи умда мебошад.
Инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ дар раванди фаъолияти зиндагии худ хусусият ва сифатҳои зиёди иҷтимоиро аз бар намуда, мавҷудияти ҷамъиятии худро таъмин карда ба шахсият табдил меёбад. Маънии «Шахсият», танҳо хусусият ва сифатҳои ҷамъиятии инсон — нутқ, шуур, одатҳои гуногун ва ғайраҳоро, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, ба худ мегирад. Мафҳуми «шахсият» — ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон ва маҷмуи сифатҳои ҳосил кардаи иҷтимоии ӯ дар ҷараёни зиндагиаш мебошад.
Ҳамин тавр хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми шахсият шомил намешаванд. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ӯ алоқаманд нест. Алалхусус, мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он — нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ӯро мавҷудоти ҷамъияти мегардонад, дар бар мегирад.
Аз ин лиҳоз кӯдаки назод ва одами ақлбохтаро шахсият намегӯянд.
Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номмонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият, ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус ва мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба маҳфуми «шахсият» мутаалиқ аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Монандӣ ва фарқияти мафҳумҳои «фардият» ва «шахсият»-ро шарҳ диҳед.
- Мақсади умумӣ ва фардии раванди таҳсилот чист?
- Инкишоф чист?
- Қонуниятҳои педагогию психологии раванди инкишофи инсонро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
2.9. Алоқамандии омилҳои биологию иҷтимоӣ дар ташаккули шахсият Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Бавуҷудоии тағйироти миқдорию сифатиро дар ҷисми одам аз ҷиҳати педагогию психологӣ муайян мекунанд.
• Вобастагии олимҳои инкишофи шахсиятро асоснок карда метавонанд.
Нақша:
• Таъсири ирсият, муҳит ва тарбия ба инкишофи шахсият.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё