МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Омӯхтани ҳаёт, бохабар будан аз дархости ҷомеа омӯзгорро ҳозирҷавоб мегардонад. Беш аз ин имконият медиҳад, ки ӯ аз ҳаёт ақиб намонад, баробари зиндагӣ қадам гузорад».
Хислатҳои инсонӣ
Инсондӯстӣ
Меҳрубонӣ
Таҳаммулпазирӣ
Поквиҷдонӣ
Ростқавлӣ
Масъулиятшиносӣ
Қатъӣ, соҳибихтиёрӣ Саховатмандӣ
Эҳтироми одамон
Хушахлоқӣ
Воқеъбинӣ
Солимақлӣ
Некхоҳӣ
Дустпарварӣ
Қавииродагӣ
Пешсафӣ
Шарафмандӣ
Ташаббускорӣ
Ҳақиқатпарастӣ
Мувозинати эҳсосӣ
ОМӮЗГОР
Сифатҳои касбӣ
Дӯст доштани бачагон Меҳнатдустӣ
Коршоямӣ
Боинтизомӣ
Мақсад гузошта тавонистан Ташкилотчигӣ
Суботкорӣ
Боадолатӣ
Бомаҳоратӣ
Донандаи донишҳои назариявии педагогӣ Донандаи психологияи бачагон Истифодабарандаи методикаҳо Истифодабарандаи технологияи навин Серталабӣ
Эҷодкорӣ
Шӯхтабиатӣ
ТАЛАБОТ БА ШАХСИЯТ ВА ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОР
Нисбат ба шахсияти омӯзгор ва вазифаҳои касбии ӯ хонандагон, падару модарон, аҳли ҷамъият талаботи зиёд мегузоранд. Талабот нисбат ба омӯзгор системаи сифатҳои касбие мебошад, ки муваффақияти фаъолияти педагогиро муайян мекунанд.
Мардум ҳамеша нисбат ба омӯзгор серталабӣ зоҳир менамуданд, мехостанд ӯро аз ҳама камбудӣ холӣ бинанд. Дар ибтидои асри XVII нисбат ба омӯзгор талабҳои васеъ ва фаҳмо ба миён гузоштанд, ки то имрӯз куҳна нашудаанд. Я. А. Коменский асоснок карда буд, ки мақсади асосии омӯзгор ин аст, ки бо ахлоқи баланд, меҳру муҳаббат ба одамон, дониш, меҳнатдустӣ ва дигар хислатҳои худ барои шогирдон намунаи ибрат шуда, бо ибрати шахсӣ дар онҳо инсондӯстӣ тарбия намояд. Омӯзгорон бояд намунаи ибрат бошад — дар ғизо ва либос; шухӣ ва меҳнатдустӣ — дар фаъолият; хоксорӣ ва одоби нек — дар рафтор; санъати гуфтугӯ ва сукут — дар нуткҳо намунаи эҳтиёткорӣ дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ.
К. Ушинский нисбати омӯзгор гуфтааст: «Шуъои пурсамари офтоб барои руҳи ҷавон». Вай омӯзгорро бе дониши амиқ ва серсоҳа тасаввур карда наметавонист.
Аммо танҳо дониш кофӣ нест: «Роҳи асосии тарбияи инсон ин боварибахшона амал кардан аст».
Академик М. Лутфуллозода касби омӯзгориро дар ҷомеа арзёбӣ намуда, ба фаъолияти омӯзгор як қатор талаботҳо мегузоранд:
– омӯзгор дар асоси илм амал намуда, тарбия ва таълими мақсадноки шогирдонро ба роҳ монад;
– тарзу воситаҳои самараноки таълиму тарбияро ҷӯяд, ба падару модарон бобати тарбияи дуруст маслиҳату машваратҳо диҳад.
Барои он ки ҳамин дастуру маслиҳатҳо мувофиқи мақсад, самаранок дуруст ва таъсирбахш бошанд, омӯзгорро зарур аст, ки ҳади аққал ду шартро анҷом диҳад.
Шарти аввал. Дӯст доред, то шуморо дӯст доранд. Яъне омӯзгор то шогирдро дӯст надорад, шахсияти ӯро эҳтиром накунад, дар таълиму тарбияи он ҳам комёб намешавад. Шогирдонро, дӯст дошта, байни онҳо тафриқа нагузорад.
Омӯзгор на он аст, ки бигӯяду бигӯяд, балки он аст, ки биҷӯяду биҷӯяд, роҳ нишон диҳад, илҳом бахшад.
Шарти дуюм. Омӯзед то омӯзонед. Омӯхтан дар фаъолияти омӯзгорӣ ва барои омӯзгор доманадор аст ва маънои васеъ дорад.
- Омӯхтани назария ва амалияи фаъолияти омӯзгорӣ.
- Худомӯзӣ, ки яке аз шартҳои муҳими пешравист.
- Омӯхтани раванди ҷомеа, зиндагӣ ва дархостҳои он.
- Омӯхтани асосҳои методологии маориф, матбуоти даврӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё