МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан- Омӯхтани таҷрибаи пешқадам.
- Омӯхтани хусусиятҳои психологию педагогии шогирдон, шароити оила ва муносибати калонсолон (падару модарон) нисбат ба ҳамдигар ва таҳсили фарзандон.
-
- Омӯхтани шароит ва муҳите, ки шогирдонро фаро гирифтааст.
Омӯхтани дониш, маҳорат ва малакаҳои касбии худ ва баҳои сазовор додан ба он.
Аммо ин чунин маъно надорад, ки омӯзгор танҳо бо донистани асосҳои илмию амалии фанни худ маҳдуд мешуда бошад. Вайро лозим аст, ки бо асосҳои умумии илмҳои психология, педагогика, усул, тарз ва воситаҳои фанни таълим мусаллаҳ шавад, доираи назар ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Барои ин ба ӯ силсилаи фанҳои ҷомеашиносӣ ёрӣ мерасонанд.
Барои фаҳмидану муайян намудани шавқу ҳаваси бачаҳо, барои ба мақсади муайян равона кардани пешравии онҳо омӯзгорро лозим аст, ки на танҳо фанни худро аъло донад, инчунин вай одами фозилу доно бошад.
Ҳамаи ин омӯзгорро вазифадор менамояд, ки ғайр аз фанни худ аз дигар сарчашмаҳои ахборот истифода барад. Агар ӯ ин корро накунад, аз ҳамкасбон он тараф истад, аз шогирдонаш ҳатто қафо мемонад. Талаботи муҳими омӯзгор мавҷудияти қобилиятҳои педагогӣ — хислатҳои шахсиятест, ки дар хоҳиши кор бо хонандагон, муҳаббат ба кӯдакон ва шавқи баланди муошират бо онҳо ифода меёбад.
Аксар вақт қобилияти педагогӣ ба қобилияти иҷрои амалҳои мушаххас-сухандонию хушбаёнӣ, сурудхонӣ, расмкашӣ, фаъолияти бачаҳоро ташкил кардан ва ғайра маҳдуд мешавад.
Қобилиятҳои педагогӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
Ташкилӣ Қобилияти омӯзгор барои муттаҳидсозии хонандагон, тақсими вазифаҳо, тибқи нақшаи кор, ҷамъбасти корҳои анҷомдодашуда ва ғайра.
Дидактикӣ Маҳорати интихоб ва омода намудани маводи таълимӣ, аёният, таҷҳизот, дастрас, фаҳмо, ифоданок, боварибахш ва пайгирона муаррифии маводи таълимӣ, ҳавасмандгардонии инкишофи шавқу рағбатҳои маърифатӣ ва талаботи маънавӣ, баланд бардоштани фаъолияти таълимию маърифатӣ ва ғ.
Ресептивӣ Қобилияти ворид шудан ба олами маънавии хонандагон, баҳодиҳии объективӣ ба ҳолати эмотсионалии онҳо, муайян кардани хусусиятҳои равонӣ.
Коммуникативӣ Қобилияти омӯзгор барои ба роҳ мондани муносибатҳои мувофиқи педагогӣ бо хонандагон, волидони онҳо, ҳамкорон, роҳбарони муассисаи таълимӣ.
Тадқиқотӣ Қобилияти донистан ва баҳодиҳии объективӣ ба вазъият ва равандҳои педагогӣ.
Илмӣ-маърифатӣ Қобилияти азхуд кардани донишҳои нави илмии соҳаи педагогика, психология ва методика.
Пешбарандагӣ Қобилиятҳои пешбаранда, аз рӯи ҳушёрии педагогӣ, мушоҳидакорӣ, эҷодкорӣ, ташаббускорӣ ва ҳамкорӣ карда тавонистан.
Қобилиятҳои педагогиро (истеъдод, шавқ, майл) ҳамчун шарти муҳими бомуваффақият аз худ кардани касби омӯзгорӣ эътироф бояд кард. Омӯзгор ҳамеша меҳнатдӯст аст. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор бояд меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти дар назди худ гузоштани мақсад, интихоби роҳҳои ба он расидан, муташаккилӣ, суботкорӣ, хайрхоҳӣ, некбинӣ, ниёз ба муошират ва мунтазам баланд бардоштани дараҷаи касбияти худ ва сифати кори худро муҳимтарин вазифаи худ донад ва сари вақт иҷро намояд.
ХУСУСИЯТҲОИ МАҲОРАТ ВА МУОШИРАТИ ОМӮЗГОРИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
Маҳорати педагогӣ, ки баъзан санъати педагогӣ ва ё маҳорату санъати педагогӣ низ мегӯянд, илмест нозук ва мушкил. Ба воситаи ҳаракатҳои баҷо истифодаи забони ширину гуворо, мимика, табассум, имою ишора, талаффузи равон, садои гиро ҷалб намудани хонандаҳо ба дарс, бедор намудани шавқу ҳавас, фаъолияти эҷодию маърифатҷӯии онҳо кори саҳл нест. Омӯзгор ҳақ надорад, ки табассуми сохта кунад, рӯякӣ гап занад.
- Омӯхтани шароит ва муҳите, ки шогирдонро фаро гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё