МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Системанокӣ бо технология, матни амалии вазъият — супоришҳои ҷамъиятӣ, базаи маводи техникӣ ва ғ. алоқаи ногусастанӣ дорад.
ПЕДАГОГИКАИ ИННОВАТСИОНӢ
Педагогикаи инноватсионӣ ивазкунии парадигмаи (ҷадвали тасрифии) тарбияро талаб мекунад. Парадигма асоси ҳалли назариявӣ ва амалии масъалаҳои муқарраршударо ифода менамояд. Ба фикри инноваторҳо назарияи педагогикаи классикӣ куҳна шудааст, он дар шароити кунунӣ бино кардани тарбияи насли ҳозира ғайримумкин аст.
Агар ба маҷрои афкори инкишофи ҷаҳонии педагогика баргардем, он гоҳ, бояд асосҳои методологии педагогикаи классикиро аз нав ба вуҷуд овард — ба принсипи табиатворонагии Я. А. Коменский мувофиқ созем. Педагогикаи шуравӣ ин принсипро «идеалистӣ» эълон кард ва бо талаботи норавшане онро ба ҳисобгирии хусусиятҳои синнусолии хонандагон иваз кард. Ба хотир овардани принсипи аввалини методологии он дар бораи баробарии модарзодии одамон, нисбати имконияти баробарӣ доштан дар омӯзиш ва тарбия кифоя аст.
Вазиъят ва хусусияти умумии илми педагогика ҳамин тавр аст. Дар ин ҷо инноватсия ниҳоят зарур мебошад. Назарияи педагогӣ бо кадом роҳ меравад, аз паси он муассисаи таълимӣ ҳам, ин аз мо чӣ қадар чуқур, оқилона дарк кардан, раванди асосии таълиму тарбияро дар кадом методология сохтан, илми нав ба таҷрибаи тарбияамон вобаста аст.
Педагогика, ки системаи донишҳои илмиро дар бар гирифта, хусусиятҳои асосии он — воқеӣ, мақсаднокӣ, пойдорӣ, беихтилофӣ аст. Системаи педагогикаро ҳамчун дигар назарияҳои илмӣ принсипи системанокӣ нигоҳ дошта, онро тарҳрезӣ, васлкунӣ мекунад, яъне мавқеи асосиро системаи мазкур ташкил менамояд. Принсипи умда дар назарияи воқеият метавонад фақат принсипи илмӣ бошад, вале на идеологӣ. Мувофиқи сатҳи дониш дар бораи одам, ташаккулёбӣ ва тарбияи вай — ин ҳамеша яктарафа муносибат бинмуда, ба ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, мафкура ва хабарҳои арзанда бор мекунад. Дар назарияи педагогикаи ҷаҳонӣ кайҳо эътироф шудааст, ки ҷараёни тарбия на бояд гаравгони вазъи одамони ҳокимият бошад. Тарбияи насли наврас ниҳоят кори муҳим, бояд он ба тобеияти гузарандаи арзишнок гузошта шавад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) 3) 4) 5) Мақсадҳои асосӣ, вазифа ва муҳтавои инноватсияи педагогиро шарҳ диҳед.
Хусусиятҳои хоси инноватсияи педагогиро номбар кунед.
Вазифаҳои инноватсияи педагогиро тавзеҳ диҳед.
Принсипи табиатворонагиро мухтасар ифода кунед.
Технологияро ҳамчун қисми муҳими инноватсияи низоми педагогӣ маънидод кунед.
2.14. Муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ва ғайриинноватсионӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Намудҳои муассисаҳои таълимии инноватсиониро медонанд.
• Муассисаҳои инноватсиониро аз ғайрииноватсионӣ фарқ карда метавонанд.
Нақша:
• Меъёри инноватсионии муассисаҳои таълимӣ.
• Муқоисаи муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ва ғайриинноватсионӣ
МЕЪЁРИ ИННОВАТСИОНИИ МУАССИСА ҲОИ ТАЪЛИМӢ
Муассисаҳои таълимие, ки номи инноватсионӣ гирифтаанд, ба навоварӣ ё унсури он шурӯъ карданд. Қариб ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимии мамлакат раванди инноватсиониро тарафдорӣ намудаанд. Ба хотири минбаъд асосонок намудани ин даъво моҳият, мазмун ва самтҳои инноватсионии азнавсозиро бояд равшан кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё