Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои ба шакли муайян даровардани меъёри инноватсионии муассисаҳои таълимӣ инҳоро хотировар мешавем:
– навоварӣ на фақат ҷараён ва натиҷаҳои раванди таълиму тарбияро беҳтар, ҳамчунин метавонад бад кунад;
– эълон дар бораи инноватсия маънои тамоман гирифтани натиҷаҳои муфидро надорад;
– бавуҷудоварии инноватсия на ба хотири инноватсия, балки барои самарабахшии таълим ва тарбия мебошад;
– системаи педагогиро дар як вақт бо як чанд параметр беҳтар кардан мумкин нест. Вале агар навовариҳо як ҷабҳаро беҳтар гардонда, бадшавии дигарро ба миён оранд, онҳо магар лозиманд?
Дар асл фақат инноватсия, вале на бо ном ё шаклаш дар беҳтар кардани шароити меҳнати омӯзиш ва педагоги мусоидат карда метавонад.
Аз ин маҳдудият, ҳамчунин аз аломатҳои аслии навоварии зикрёфтаи фавқ маълум мешавад, ки меъёри муассисаҳои таълимии инноватсионӣ пурра дар шакли муайян ташкил карда мешавад, агар ба таври зайл бошанд:
– раванди таълимӣ — тарбиявӣ ба принсипи табиатворонагӣ асосонида мешавад ва ба принсипҳои педагогикаи классикӣ итоат мекунад;
– системаи педагогӣ онро ба таҳаввулоти гуманистӣ майл медиҳад;
– ташкили раванди таълиму тарбиявӣ ба сербории хонандагон ва омӯзгорон намебарад;
– баландшавии натиҷаи раванди таълимӣ-тарбиявӣ на аз ҳисоби селексияи (сунъии) таълимгирандагон ё омӯзгорон, балки аз ҳисоби истифодабарии системаҳои кушоданашуда ва амалнаёфта ба миён меояд;
– самаранокии раванди таълиму тарбия оқибати ҷорикунии мустақими васоили арзанда намебошад. Маънои талаботи меъёри мазкур аз он иборат аст, ки барои таъмин кардани имконияти муқоисакунии мактабҳо аз ҷиҳати гуногун: база, ҳайати педагогӣ ва хонандагон, таҷҳизот, маблағдиҳӣ ва ғ.
имконпазир гардад. Агар ин муносибат истифода бурда нашавад, он гоҳ гимназияи яккачин ҳамеша ба таври автоматикӣ ба сарфи инноватсионӣ дохил мешавад, вале мактаби деҳот ба қатори ақибмонҳо, агарчи афзоиши аввали маҳсулнокӣ аз ҳисоби омӯзгорон ва хонандагони деҳот меравад, вале дар навбати дуюм аз манбаи дохилӣ, яъне инноватсия дур мемонад.
МУҚОИСАИ МУАССИСА ҲОИ ТАЪЛИМИИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ҒАЙРИИННОВАТСИОНӢ
Ба меъёри бавуҷудоварда такя намуда, муассисаҳои таълимии инноватсиониро бо ғайриинноватсионӣ муқоиса мекунем.
Муассисаҳои таълимӣ
Ғайринноватсионӣ Инноватсионӣ
Муайянкунӣ
Муассисаҳои таълимии солҳо ва даҳсолаҳо навовариро таҷриба накарда, ки ба ғайр аз инҳо ба супоришҳои ҳокимияти маъмурии болоии органҳои маориф қаноаткунанда.
Бештар бо инертсия амалкунанда)
Муассисаҳои таълимии ҷорикунандаи навигариҳо бо ташаббуси хусусӣ барои қонеъгардонии рушди талаботи хонандагон ва омӯзгорон, беҳтар аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ, бо ба ҳисобгирии ғояҳои нав ва комёбии педагогӣ. Қиёфаҳои шахсӣ доранд.
Таъинкунӣ
Додани дониш, тарбияи сарироҳӣ, шиносшавӣ бо маданияти мавҷуда, азхудкунии таҷрибаи иҷтимоӣ. Мафкура, сиёсат, мақсад ва ҳолати муассисаҳои таълимиро давлат муайян мекунад) Ёрии худамалкунӣ ва худтасдиқнамоӣ, бештар ташаккулдиҳии байни шахсӣ ва муносибати иҷтимоӣ. Тарҳсозии перспективии роҳҳои зиндагӣ. Муносибати гуманистӣ. Мақсад ва вазъиятро талаботи шахсият муайян мекунад.

пешина
аз 142
навбатӣ