Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Мутобиқгардонӣ (оптимизатсия) тавассути системаи услубҳо амалӣ карда мешавад, ки он аз қонуният ва принсипҳои сидқан аз раванди таълиму тарбия ҷорӣ гашта, хусусияти чорабиниҳои дақиқ мегардад.
Интихоби варианти метод, шакл ва воситаҳо Услуби мутобикгардониро Ю. К. Бабанский чун фаъолияти робитадори якҷояамалкунандаи омӯзгорон ва хонандагон, оне ки пешакӣ барои гирифтани имкониятҳои зиёд дар вазъияти кунунии омӯзиши самарабахш зимни риоя кардани гигиенаи меъёри барқароршудаи сарфакунии вақт, яъне бидуни сербории хонандагон ва омӯзгорон меномад.
Барои таъмини охирини раванди таълиму тарбия услуби асосии мутобиқгардонии зайл истифода бурда мешавад:
– Муносибати комплексӣ намудан ҳамчун талаботи умумии пешгирикунии яктарафагӣ дар лоиҳакашӣ, банақшагирӣ, татбиқ кардани меъёри фаъолиятҳои амалӣ, арзёбии натиҷаҳо мебошад.
– Мушаххас намудани вазифаҳо бо назардошти хусусиятҳои (муайян кардан, имконият ва ғ.) системаҳои педагогӣ.
– Интихоби вариантҳои мутобиқгардонии мазмуни раванди таълимию тарбия бо ёрии ҷудокунии асосӣ, мутобиқаткунонии байнифаннӣ ва байниравиявӣ, оқилона созмондиҳии мазмуни онҳост.
– Интихоби метод ва шаклҳои раванди таълиму тарбияе, ки бештар имконияти вазифаи гузошташударо бомуваффақият дар вақти муайянкунанда ҳал мекунанд.
– Иҷрокунии рафтори тафриқавӣ ва инфиродӣ бо сустхонҳо, пешқадамон ва ҳамаи хонандагонро таъмин намудан аст.
– Оқилона пайвастани идоракунӣ ва худидоракунии фаъолияти таълимӣтарбиявӣ, банақшагирии фаврӣ ва ислоҳкории ҷараёни онҳо.
– Тадриҷан табдил додани омӯзиш ба худомузӣ ва тарбияро ба худтарбиякунӣ.
– Таҳлили натиҷаҳои раванди таълимӣ-тарбиявӣ ва сарфи вақт баҳри комёбиҳои онҳо мутобиқи меъёри муайяншудаи мутобиқгардонӣ ва муносибат ба сарфакории маҳсулот.
Агар мухтасар амалиёти асосии педагогиро роҷеъ ба мутобиқгардонии раванди таълиму тарбия ҷамъбаст карда шавад, чунин комёбиҳо ба даст меояд:
– комплексонӣ ва мушаххасонии вазифаҳо;
– марказонӣ (ҷудокунии асосӣ);
– мутобиқаткунонии байнифаннӣ ва байниравиявӣ;
– интихоби вариантҳо дар асоси муқоисаи арзёбии онҳо;
– гуманистикунӣ;
– барпо намудани шароити зарурӣ;
– якҷоягии идоракунӣ ва худидоракунӣ;
– танзими фаврӣ ва ислоҳи раванд;
– баҳри ҷамъбастии он мувофиқи меъёри мукарраршуда;
– гузаштан ба масъалаҳои бештари мураккаб;
– раванди доимӣ ва тадриҷӣ будани инноватсионӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Мутобиқгардонии системаи педагогӣ чист?
  2. Ақидаҳои педагогонро оид ба муносибгардонии системаи педагогӣ гирд оред ва шарҳ диҳед.
      1. Мутобиқгардонӣ дар раванди таҳсилот чӣ афзалиятҳо дорад?
        Системаи услубҳои мутобиқгардониро бо мисолҳо маънидод намоед.
        Ба фикри Шумо, мутобиқгардониро дар таълиму тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии замони ҳозира ҷорӣ кардан мумкин аст?
        Замима ҳо
        Педагогикаи миллии халқи тоҷик — ҷузъи таркиби педагогикаи умумӣ Истиқлолият мурғи ҳумост, ки дер ё зуд ҳатман меояд. Пас аз пошхӯрии Давлати абарқудрати Шӯравӣ дар Тоҷикистон парчами истиқлол партавафшон шуд. Миллати эҳёгардидаи тоҷик мақсад гузошт, ки дар кишвари азизаш ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намояд.
пешина
аз 142
навбатӣ