Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷомеае, ки дар он «озода ба коми дил расидӣ осон» (Умари Хайём). Ба назар чунин мерасад, ки ин орзуе беш нест. Аммо мақсадест олӣ ва татбиқшаванда. Инсони озод қодир аст, ки андешаашро кор фармуда, ҷониби умеду орзу ва мақсади нек парвоз намояд.
Табиист, ки ҳар сохт назди тарбия ва таълими насли наврас ва умуман шаҳрвандон дархости худро мегузорад. Давлат, ки ба ин манфиатдор аст, «мактабу маориф, таълиму тарбияро самти стратегии худ қарор медиҳад ва тарбияи шаҳрвандонро зери назорат мегирад». Файласуфи бузург Аристотел навишта буд: «Ғамхории тарбияи шаҳрвандон бояд вазифаи умумидавлатӣ қарор гирад, на кори хусусӣ ё соҳавӣ. Набояд андешид, ки ҳар як шаҳрванд ба ҳоли худ аст, ҳеҷ гоҳ.
Ҳамаи шаҳрвандон мутаалиқанд ба давлат, зеро ҳар яке аз онон ҳиссачае аз давлат аст. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҳар ҳиссача, ғамхорӣ нисбат ба ҳамагон аст»1. Аз ҷониби дигар ҳеҷ мумкин нест, ки вазифаҳои тарбия ва таълим аз вазифаҳои тарбияи мардум, ки давлат назди худ мегузорад, ҷудо бошад.
Махсусан, агар ин давлат миллӣ бошад ва онро кадрҳои миллӣ идораю сарварӣ намоянд. Ба ҳамин маъно Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба гӯши оламиён расонд, як ҷумҳурии муқаррарӣ набуда, пеш аз ҳама давлати миллист бо тамоми муқаддасот, рамзҳо ва рукнҳои давлатдориаш, аз як тараф барои офаридани педагогикаи миллӣ замина шавад ва аз тарафи дигар, тамоми шароитҳоро баҳри тарбияи насли наврас ва умуман сокинони кишвар муҳайё созад. «Истиқлолият, — мегӯяд Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон,
— дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард».
«Шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ дар наврасон ва мардум ба таври сатҳӣ, номуташаккилона ва ғайриилмӣ сурат намегирад. Он тарбия ва таълими мунтазам, суботкорона, пайгирона ва илмиро тақозо мекунад, ки аз оби софу зулоли педагогикаи миллӣ бархурдор аст. Педагогикаи миллии халқи тоҷик, ки мо пешниҳод менамоем, мақсади худхоҳонаи муаллиф набуда, зодаи истиқлолияти Тоҷикистон маҳбуб, ҷузъи таркибии педагогикаи умумибашарист. Таъкид мекунем: на қисме аз педагогикаи умумибашарӣ, балки ҷузъи таркибии он аст. Ба ин маъно мо наметавонем ва ҳақ ҳам надорем, ки педагогикаи миллиамонро аз илми педагогикаи умумӣ ҷудо тасаввур намоем. Зеро собит гардидааст, ки ҳар гуна илм, аз ҷумла илми педагогика табиатан тарҳи (характери) умумибашарӣ дорад.
Шояд барои ҳамин аст, ки таҳқиқотҳои илмие, ки дар ин ё он гӯшаи олам анҷом меёбанд, дер ё зуд дастовари тамоми халқу миллатҳо мегарданд. Илми педагогика аз ин истисно нест. Дастовардҳое, ки тамаддунҳои ориёӣ, Юнони Қадим, Чин, Аврупо, Русия хусусан олимони — педагогҳои инсонпарвар Я. А. Коменский, Ж. Ж. Руссо, И. Г. Песталотси, А. Дистервег, К. Д. Ушинский ва олимони аҳди Шӯро дар соҳаи назарияи тарбия ва таълим, таҳсилот ва сохти идораи мактабу маориф ба даст оварда буданд ва меоранд, моли ҳамагон ва умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. Махсусан агар сухан дар бораи қонуну қонунмандиҳо, категорияҳо, принсипҳо, роҳ ва тарзҳои фаъоли тарбия ва таълим ва гайра равад, моли умумӣ ва ҳамагонианд.

пешина
аз 142
навбатӣ