Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Табиист, ки муаллим «вазъияти пробемавиро на ба тариқи гунгакбозӣ, балки бо забони гӯё ба вуҷуд меоварад.
Ба ҳамаи ин даъвоҳо мо гуфтанием, ки каломи (сухани) зиндаи муаллим дар таълими ҳамаи фанҳо ва истифодаи ҳар гуна усулу тарзҳо, ташкили тадбирҳои маърифатию хушҳолӣ нақши муҳим мебозад.
Фикри солим. Бе шубҳа мо фикри солимро дар назар дорем. Фирке, ки роҳи зиндагии дурусту бегазандро нишон диҳад; дар андешаи миллат, халқу Ватан бошад; манфиати худро аз манфиати ҷомеа боло надонад; инсонро ба камол бирасонад; некро аз бад, дӯстро аз душман, бехалафро аз нохалаф, бекасиро аз нокасӣ, равшаниро аз ҷаҳолат… фарқ намояд; инсон ба қадри худ ва қадри дигарон бирасад; дар душвортарин ҳолатҳо аз вазъият барояд; дархости аср ва ҷомеро дарк намояд; инсон худаш фикр карда тавонад, фикрашро асоснок ва дар мавриди зарурӣ ҳимоя карда тавонад; фикри интиқодиро бедор намояд, дар мавриди гӯш кардану шунидани фикри дигарон, ҳатто рақибон бо таҳаммул, тоқатпазир бошад.
Макон ва замони тарбия ва рушди ин гуна фикр оила, кӯдакистон, мактаб, ҷомеа, китоб, одам; ҷаҳон дидан аст. Дар ҳар ҷо ва ҳар маврид илми педагогика барои дастур додани ҳамин гуна фикри солим қодир аст. Ба таври дигар, мактаби муосир агар хоҳад, ки инсон чи дар вақти таҳсил ва чи ҳаёт аз зиндагиаш розӣ бошад, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон намонад, ба халқу диёр манфиат расонад, аз фақру камбизоати раҳоӣ ёбад, дар шароити ҷаҳонгароӣ якпорчагии Ватану сарзаминро ҳимоя карда тавонад, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои маънавии миллиро ҳифз намояд, аз техника ва технологияи муосир огоҳ бошад, эҷодкору ихтирокор, бунёдгар; созанда бошад, фикр карданро омӯзонад. Инсонҳои дорои фикри мус-тақил, тафаккури эҷодӣ, андешаи миллӣ парчамдорони имрӯзу ояндаи кишваранд.
Амали солим. Ҳам сухани солим ва ҳам фикри солим дар амали солим таҷассум меёбанд.
Амали солими шахс зиннатбахши шахс аст. Чун амали солим мегӯем, кору кирдор, касбу ҳунар
1 Усулҳои таълим ва омӯзиши ҳамфаъол. — Душанбе, 2008, саҳ. 27.
ва фаъолиятеро дар назар дорем, ки шуурона интихоб шудааст, ба соҳибаш дар зиндагӣ бори гарон намешавад, балки боиси ташаккул ва камолоти шахс мегардад. Шахс аз иҷрои он ҳаловат мебарад ва ифтихор дорад, ки чунин амалро интихоб кардааст. Интихоби касбу ҳунар ҳар қадар барвақттар оғоз ёбад, ҳамон қадар ба нафъи шахс меанҷомад.
Зиндагӣ домандор, касбу амалҳо фаровонанд. Ягон амал айбе надорад ба шарте ки: шахсро созовор гардонад; зиндагии дигаронро талх насозад; боиси намуна ва ибрат назди фарзандон, дигарон бошад.
Ба ин тариқ, каломи (сухани) солим, фикри солим, амали солим ва муҳити солим, ки ба ҳайси чор шарт пешниҳод менамоем, ба педагогикаи миллии мо ҷомаи амал мепӯшонанд, баҳри тарбия, таълим, рушд ва ташаккули мақсадноку шуурона, ғани гардидани ҷаҳони маънавии инсон, аз ҷумла наврасон нигаронда мешаванд.
Муносибати мусбат
Барои ташаккули муносибати мусбат, омӯзгор аввал бояд дастур, супориш ва суханоне, ки тобиш ва оҳанги манфӣ доранд, аз алфози худ дур кунад. Яъне, бо услуби мусбат ва созанда дастур, супориш ва робитаи мутақобилаи таълимиро ба роҳ монад. Тартиби машқ ва ташаккули дастурдиҳӣ, супоришдиҳӣ ва робитаи мутақобилаи мусбат ва созанда:
Нияти нек
– Омӯзгор ҳангоми муайян кардани ғалат, нофаҳмӣ ё рафтори нодуруст ҳиссиёташро ба таври муназзам идора карда, мувозинатро нигоҳ медорад.

пешина
аз 142
навбатӣ