Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Самти сеюм — рушд ва ташаккули шахс, ки аз таваллуд то бузургии инсон давом мекунад.
Натиҷаи рушди дорои маънавият ташаккул аст, ки дар афкори педагогии ниёгони мо ба номи «инсони комил» ёд ва таъкид мегардад.
Самти чорум — танзими фаъолияти инсон аст, ки он ҳаёти шууронаи инсонро дар тамоми ҷабҳа (зиндагии шахсӣ, ҷамъиятӣ, дониш, таҷриба…) фаро мегирад.
Дар маҷмӯъ педагогикаи миллии халқи мо, ба қавли академик Ф. Шарифзода, «омили инсонсозии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули мақсадҳои нави зиндагии шахсият ба ҳисоб меравад»1. Ин педагогика ҳеҷ гоҳ маф-ҳумҳои «рушд», «ташаккул» ва «тарбия»-и инсонро ҷудо-ҷудо ба қалам намедиҳад, балки дар алоқамандию ҳамгиро маънидод менамояд, зеро онҳо ҳамдигарро пурра мекунанд: шахсияти инсон маҷмӯи тарафҳои ҷудогона нест.
Рушд ҷараёни зоҳиршавии қонунмандии инсон аст. Инсон бо ҷамъият зиндааст. Вай тамоми умр ба камол мерасад. «Чун дар ӯ сифатҳои иҷтимоъ шудан ташаккул меёбанд, ҷомеа ҳамчун субъекти масъулиятшинос ва бошуур эътирофаш мекунад».
Чор шарти таълими педагогикаи миллӣ
Соҳибони илмҳои гуногун дар таълими фанни худ шарту шароитҳои мухталифро таъкид мекунанд, ки ин амри воқеист. Мо дар омӯхтани фанни Педагогикаи милли халқамон, пеш аз ҳама, чор шартро пешниҳод менамоем ва гумон мекунем, ки агар муаллим (падару модарон ва дигарон) ҳамин шартҳоро доро бошад, ё муҳайё созад, таълими босифати педагогикаи миллии халқамонро таъмин менамояд. Ин шартҳоро дар ҷадвал нишон медиҳем:
1 Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ. — Душанбе, «Ирфон», 2010, саҳ. 5.
2 Д. И. Фелдштейн. Возрастная и педагогическая психология. — М., 2002, саҳ. 16–17.
Шартҳои таълими босифати педагогикаи миллии халқамон Муҳити солим Каломи (сухани) солим Фикри солим Амали солим
Муҳити солим. Одамон, аз ҷумла наврасон дар муҳити гуногун зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Вале барои рушд ва ташаккули инсон на ҳар гуна муҳит, балки муҳити солим зарур аст, ки аз остонаи ҳавлӣ (хона, мактаб, синф, ҷойҳои ҷамъиятӣ то дохили онро фаро мегирад.
Дар ин ҷойҳо киҳо зиндагӣ ва кор мекунанд; онҳо бо ҳамдигар чӣ гуна муносибат менамоянд; чӣ мегӯянд, чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд, чӣ тарз мегӯянду мехӯранду мепӯшанд; ҳамкору ҳамсӯҳбатон киҳоянд; маводи таълимию моддӣ, техникию барқӣ дар кадом ҳолату вазъ қарор доранд; ҳолати тозагию гигиенӣ чӣ гуна аст; ҳолати психологию рӯҳӣ, ахлоқию маънавӣ чӣ гуна аст; вазъи зебоию зебоиписандӣ (эстетикӣ) чӣ хел аст ва ғайра дар маҷмӯъ муҳити солимро ташкил медиҳанд.
Агар хоҳем, ки фарзандони лоиқу сазовор ба камол расонем, пеш аз ҳама, муҳитро бояд солим бисозем.
Каломи солим. Чи дар хонаю кӯдакистон ва чи мактабу ҷомеа одамон, махсусан наврасон ба каломи, яъне сухани равон, форам, ширин, нарму мулоим ва солим (дуруст) эҳтиёҷ доранд. Шарҳу эзоҳ, масъалагузорӣ ва сӯҳбати ҷонофарини омӯзгор яке аз шартҳои ба таълим ҳавасманд гардидани талабаҳост. Дар рӯзҳои мо усул, тарз ва технологияи гуногуни таълим пешниҳод шаванд ҳам, каломи зиндаи муаллим ногузир аст. Бо ин мо ҷараёни донишандӯзии талабаҳоро асосан ба гуфтори омӯзгор вобаста карданӣ нестем. Ба қавли Луи де Бройл, бигузор «дониш фарзанди тааҷҷӯб ва кунҷковӣ» бимонад. Аммо шахсе, ки тавассути забон ва амал бачаҳоро ба тааҷҷӯб ва кунҷковӣ бедор мекунад, муаллим аст. Каломи зиндаи муаллим на танҳо дар усули шифоҳӣ, ки сухан нақши муҳим мебозад, инчунин дар усулҳои дигар, аз қабили таълими проблемавӣ ва тарзи ҳамкории фаъол басо муҳим аст. Ба ин иқтибос зеҳн монед: «дар омӯзиши проблемавӣ ва ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ аз худ намудани донишҳои нав чун кашфи мустақилонаи онҳо аз ҷониби хонандагон бо ёрии муаллим сурат мегирад»1 ва дар поён «ёрии муаллим» ин тавр таъкид ёфтааст. «Дар омӯзиши проблемавӣ дар даври аввал муаллим: а) супориши проблемавӣ-таълимиро таҳия мекунад; б) барои хонандагон вазъияти проблемавӣ ба вуҷуд меоварад; в) ҳалли проблемаи ба миён омадаро нишон медиҳад…; г) ба хонандагон барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси сис-темаи масъалаҳо… мусоида мекунад.

пешина
аз 142
навбатӣ