Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Маҳорати педагогӣ — ба дараҷаи баланд таъмин намудани худташкилдиҳии маҷмуи фаъолияти касбӣ.
Маданияти муоширати педагогӣ — ҳангоми муомила бо мусоҳиб бояд қабл аз баёни нуқсону камбудиҳо ҷиҳатҳои мусбати шахс ҳатман зикр карда шавад, то ки беғаразии шахс аз ҷониби тарафайн ҳис карда шавад.
Мақсади таҳсили донишҷӯ — ташаккул додани дониш ва ҳосил намудани майорату малака нисбати ташкили раванди мураккаби яклухту томи таълиму тарбия мебошад.
Машварат — ба маънои аз ҷониби омӯзгор ба донишҷӯён маслиҳат додан, фаҳмидани ягон маводи таълимии дархост намудаи онҳоро ифода мекунад.
Менталитет — сифати ақл, фаъолияти маънавӣ, тарзи тафаккур ва қобилияти фикрии инсон; маҷмуи сифатҳое, ки ба ин ё он халқияту миллат хос аст.
Методикаҳои омӯзиш — хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончӣ, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегирад.
Назария — шакли таъмимёфтаи инъикоси воқеият ва тафаккур. Ин нисбат ба фаъолияти амалии одамон, илм ва ба таври умум дониш маҳсуб меёбад. Назария дар мафҳумҳо, категорияҳо, қонунҳо, қонунмандиҳо, фарзияҳо ва усулҳо ифода мегардад.
Одоби муоширати педагогӣ — риояти меъёри қоидаҳои одоби муомила нисбати шогирдон ва волидайни онҳо, интихоби роҳи шоистаи муносибат бо онҳо дар мавридҳои гуногуни раванди таълиму тарбия.
Олигофренопедагогика — кӯдакони модарзоди заифақл.
Омодагии касбӣ — ҳолати субйективии шахсият, ки худро барои иҷрои фаъолияти муайяни касбй қобил ва омода меҳисобад.
Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи хонандагони мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
Педагогикаи синнусолӣ — хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педагогикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
Педагогикаи оила — ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кӯдакони оилаҳои пешқадамро омӯхта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад Принсипи гуманистӣ — муносибати фардии раванди педагогиро ба назар гирифта, дар маркази раванди таълиму тарбия на барномаю китоби дарсӣ, балки шахсияти хонанда, талабот ва майлу рағбати ӯ гузошта мешавад.
Рисолаи хатм — кори ҷамъбастии хатмкунандаи мактаби олӣ, мактаби миёнаи махсус. Он характери таълимӣ — тадқиқотӣ дорад. Дар кори дипломӣ донишҷӯ нисбати мавзуи интихоб намудааш тадқиқот мебарад ва моҳияти мавзуъро дар 50– саҳифаи чопи компютерӣ бо далелҳои раднопазир ифшо медиҳад.
Реферат — калимаи лотинӣ буда, маънояш маърӯза мекунам, хабар медиҳам. Баёни мухтасари хаттӣ доир ба мазмуни кори илмӣ ва масъалаҳое, ки ба дигар махазҳо вобастагӣ доранд, ифшо медиҳад.
Салоҳият — маҷмуи масъалаҳое, ки инсон тибқи донишу таҷрибаи худ бар онҳо мусаллат аст: маҷмуи ихтиёроти як шахс ё муассиса, тавонмандӣ.
Самти инсонпарварӣ — дӯст доштани касби худ ва шогирдон.
Самти касбӣ — самту тамоюли шахсият ба намуди муайяни донишу малакаҳои касбӣ, омодагии касбӣ.
Семинар — калимаи лотинӣ буда, маънояш манбаъ мебошад. Тибқи ин шакли ташкили раванди таълим донишҷӯён таҳти нишондоди омӯзгор мустақилона кор карда, реферат ё маърӯза тайёр мекунанд. Дар семинар маводҳои назариявии омӯхташавандаро бо мақсади амиқтару васеътар азхудкунӣ истифода мебаранд.

пешина
аз 142
навбатӣ