МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Семинари махсус — шакли мукаммали семинар буда, дар рафти он донишҷӯён тарзу усули навиштани реферат, маърӯзаҳо, корҳои курсию дипломӣ, корҳои методӣ, илмию тадқиқотиро аз бар менамоянд. Ин семинар ба сухани хотимавии омӯзгор ҷамъбаст мегардад.
Сурдопедагогика — онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд.
Синни хурди мактабӣ — давраи шаклгирии системаи донишҳои пароканда, рушди ахлоқу рафтори бошуурона, махсусан ворид ба дунёи илму маърифат ва дарки олами воқеӣ тавассути фаъолияти таълимӣ.
Сохти демократии давлатдорӣ — ғояҳои гуманистии пешқадами замонҳои гузаштаро идома дода, имкониятҳои талаботи моддӣ ва руҳии одам, идоракунии демократии ҷомеа аз тарафи ҳамаи одамон, тавлиди ормонҳои адолатхоҳӣ, муҳайё кардани шароит барои ҳуқуқи зистан, меҳнат, маълумот, таъминоти иҷтимоии инсон, баробарии миллӣ ва фарҳангӣ, муҳайё намудани шароит баҳри инкишофи мутаносиби одамро тақозо мекунад.
Тарбия (парвариш) — ба маънои махсуси педагогӣ ин раванд натиҷаи мақсаддорӣ таъсиррасонӣ ба инкишоф, муносибат, хислат, сифат, ақида, эътиқод, тарзи рафтори шахсият дар ҷомеа мебошад.
Тарбияи демократӣ — методҳои тарбияи авторитарӣ (ҳукмравоӣ)-ро рад мекунад ва дар ҳамин радиф гуманизми ахлоқи бепарвоӣ, саҳланкорӣ, беинтизомиро намепазирад.
Таҳсилот — равандест, ки дараҷаи фарогирии дониш, малака, маҳорат ва ахлоқи инсонро муайян мекунад.
Ташаккули касбӣ — раванди тағйири шахсият таҳти таъсири вазъиятҳои иҷтимоии касбӣ, фаъолияти касбӣ ва худзоҳирсозӣ дар ҷараёни меҳнат.
Таълим — ин раванди мақсаддори якҷояамалкунии омӯзгор ва хонандагон, ки дар он маълумотгирии шахс таъмин мегардад.
Таърихи педагогика — инкишофи ғоя, афкор ва амалиёти фаъолияти тарбиявии марҳалаҳои гуногун ва уламое, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҳиссаи фаъол гузоштаанд, дар бар мегирад.
Технология — илм дар бораи маҳорат, шеваҳои фаъолияти таълимӣ ва равандҳои мушаххаси технологй; шеваи умумии маърифат ва фаъолияти инсон.
Тифлопедагогика — масъалаҳои тарбияи кӯдакони нобино ва органи босиравиашон суст.
Техникаи педагогӣ — маҷмуи усулҳо.
Усули фардии фаъолият — маҷмуи шеваҳо ва тарзҳои фаъолияти инсон бо назардошти хусусиятҳои фардӣ ва сатҳи инкишофи касбӣ.
Усули авторитарӣ — фишору зӯроварӣ, тарбияи ҳукмравоӣ.
Худназораткунӣ — усули муҳим буда, он таҳти назорат гирифтани фаъолияти худро ифода мекунад. Шахс мунтазам иҷрои вазифаҳои ҳаррӯзаи худ ва дақиқию возеҳии онҳоро ба инобат мегирад, алайҳи мамониатҳои ботинӣ ва зоҳирӣ, аз қабили беҷуръатӣ, камҳавсалагӣ мубориза мебарад.
Худмушоҳидакунӣ — ин андешаҳои фаъолияту ҳиссиёти шахсӣ буда, тавассути эҳсосоти олами ботинӣ зуҳур меёбад.
Худфаъолиятии шахсият — чунин намуди фаъолияти инсон мебошад, ки ба ӯ имкони қабули қарор медиҳад ва хосияти эҷодӣ дорад. Ташаббуси шахсро амалй менамояд: бар асоси маҳорате ба даст меояд, ки дар ҷараёни таълим аз бар шудааст.
Худомӯзӣ — дониши инсон, ки дар натиҷаи фаъолияти мустақшш омӯзиши курси махсус дар муассисаи таълимӣ ба даст меорад, фаъолияти мақсадноки инсон, ки бо чустуҷӯ ва фарогирии донишҳои соҳаи мавриди назари ӯ фароҳам мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё