МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҳангоми таҳлили низоми кори омӯзгор инҳо ба назар гирифта мешаванд:
– ғояи асосии фаъолияти педагогии ӯ, ҳамчун кори эҷодӣ, нуқтаи назар ва дарки раванди таълиму тарбия. Далелҳое, ки дар натиҷаи таҳлили кори омӯзгор ба даст оварда шудаанд, бояд маънои ин ё он намуди ташкили раванди таълим, тамоми фаъолияти омӯзгорро равшан кунанд;
– сифати таълиму тарбия ин меъёри умумиест, ки аз бисёр нишондиҳандаҳои хусусие иборат мебошад ва дараҷаи фаъолияти педагогиро тавсиф мекунад;
– таносуби хароҷот ва фоида. Баъзан омӯзгор аз ҳисоби дарсҳои иловагӣ, аз ҳад зиёд додани супориши хонагӣ, яъне муваффақият дар натиҷаи аз ҳад зиёд сарф шудани қувваҳои омӯзгор ва хонандагон ба даст меояд, ки онро мусбат арзёбӣ кардан мумкин нест;
– сатҳи умумии касбии омӯзгор: камолоти маҳорати ӯ, қобилияти худбаҳодиҳӣ ба фаъолияти худ, дурнамои рушд.
Аксар вакт қисми алоҳидаи таҳлили фаъолияти омӯзгор бо оила, бо падару модарон мебошад.
Таҳлил дар самтҳои гуногуни фаъолияти омӯзгор гузаронда мешавад. Аз ҷумла:
- дониш ва истифодаи оқилонаи назарияи педагогӣ; 2) азхуд намудани роҳу усулҳои нави фаъолияти таълимӣ; 3) пайвастагии оқилонаи онҳо ҳангоми ифшои мазмуни маводи таълимӣ; 4) худтаҳлилкунӣ, худбаҳодиҳии касбӣ ба сифати кори худ ва ғайра.
НИШОНДИҲАНДАҲОИ ТАҲЛИЛИ ПЕДАГОГӢ
Табиист, ки диққати асосӣ ба нишондиҳандаҳои раванди таълим дода мешавад:
– ҳаҷм ва сифати дониш;
– ҳаҷм ва сифати малакаҳои амалӣ;
– сатҳи донишу малака;
– қобилияти татбиқи назария дар амал;
– тарзи фикрронӣ ва фаъолияти хонандагон;
– интизомнокии бачагон ва ғайра.
Назоратчиён муайян мекунанд, ки омӯзгор чӣ тавр:
– максади дарсро муайян мекунад, фаъолияти хонандагонро дар вақти:
а) тафтиш кардани вазифаи хонагӣ; б) шарҳ додани маводи нав; в) мустаҳкам намудани донишҳо;
– кори хонандагонро ҳарҷониба ташкил мекунад: а) омодагиро ба дарс аз назар гузаронида, иҷроиши вазифаи хонагиро месанҷад; б) донистани мақсадҳои дарс; в) суръати кори хонандагон ва ба синну сол мувофиқ будани он; г) истифодаи оқилонаи вақт дар дарс; д) ҷамъбасти натиҷаҳои дарс ва баҳо додан ба кори хонандагон; е) шарҳ додани тарзи иҷрои вазифаи хонагӣ:
ж) шаклҳои ташкили фаъолияти хонандагон ва ба мақсад мувофиқ будани онҳо;
– фаъолияти таълимию маърифатиро фаъол мегардонад, аз ҷумла: а) баёни масъала; б) мавҷудияти муқоиса, таҳлил ва ҷамъбаст; в) мавҷудият ва самаранокии кори инфиродӣ; г) хусусияти дониши хонандагон; д) самаранокии истифодаи бозиҳои дидактикӣ, воситаҳои техникӣ; е) усулҳои ҳавасмандгардонӣ ва фаъолнокӣ;
– тарбияи хонандагонро ба роҳ мемонад: а) кадом хусусиятҳо ташаккул меёбанд; б) баррасии ҷиҳати тарбиявии маводи таълимӣ аз тарафи омӯзгор; в) ягонагии талаботи таълимӣ; г) усулҳои ҳавасмандгардонӣ ва ташаккули интизоми бошууронаи хонандагон дар синф ва берун аз он; д)мувофиқатии сатҳи фаъолияти таълимӣ ба синну соли хонандагон;
– муносибати тафриқавии таълиму тарбияи хонандагонро дар синф ба роҳ мемонад, дар мавриди: а) пурсиш; б) омӯхтани маводи нав; в) ташкили кори мустақилона.
Сатҳи тарбия аз рӯи вазъи умумии интизоми дарс муайян карда мешавад; услуби кори омӯзгор (бо кадом услуби идоракунии фаъолият вай интизомнокиро дар дарс таъмин менамояд); муносибати хонандагон ба ӯ; кори инфиродӣ бо хонандагоне, ки интизомро дар синф вайрон мекунанд ва дигар нишондиҳандаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё