Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Масъалаи чӣ тавр фаъолият кардани хонандагон шояд масъалаи асосӣ дар таҳлили азхудкунӣ бошад. Самаранокии фаъолияти таълимии онҳо аз рӯи чунин зуҳурот, ба монанди дарки маводи таълимӣ, донистани чизи муҳим ва қобилияти ҷудо кардани чизи асосӣ аз дуюмдараҷа баҳо дода мешавад; малакаи таҳлили ҳодисаҳои воқеӣ бо ёрии донишҳои гирифташуда; дуруст истифода бурдани дониш ва маҳорат дар ҳалли масъалаи амалӣ.
Фаъолияти маърифатии хонандагон, ки бо устувории қобилияти корӣ, қобилияти бартараф кардани мушкилот, ислоҳ кардани раванди таълим бо як қатор аломатҳо муайян карда мешавад:
– нигоҳ доштани диққати устувор дар давоми дарс
– намудҳои душвориҳое, ки хонанда метавонад бартараф намояд;
– вокуниш ба нокомиҳо дар таълим (худсафедкунии амали худ, майл надоштан ба омӯхтан);
– қобилияти иқрор намудани хонандагон ба хатогиҳои худ;
– қобилияти аз нав иҷро намудани кори пастсифат.
Муносибати масъулиятнок ба таълим ҷанбаҳои ахлоқӣ ва инкишофи озодонаи хонандагонро дар раванди таълим тавсиф мекунад.
Масъулияти хонанда аз рӯи як қатор нишонаҳо баҳо дода мешавад:
– иҷрои уҳдадориҳои ӯ дар таҳсил, талаботи омӯзгор;
– дарки аҳамияти иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти шахсӣ дар таълим;
– муайян намудани талабот ба сифатнокии кори худ;
– воқеъбинона баҳо додан ба дониш ва малакаи худ;
– қобилияти муқоиса кардани дастовардҳои худ бо дастовардҳои дигарон;
– сафарбар намудани қувваю қобилиятҳои худ дар рафъи мушкилоти маърифатӣ;
– қобилияти иваз кардани кор ва истироҳат, барқарор кардани қобилияти кории худ.
Ташаккули маҳорати педагогии омӯзгор нишондиҳандаи сифати кори таълиму тарбия буда, мунтазам такмил меёбад.
Аломатҳои маҳорати педагогӣ:
– возеҳи муайян кардан ва гурӯҳбандӣ кардани вазифаҳои дарс;
– таъмини муттасилии азхудкунии мазмуни таълим;
– хусусияти эҷодии усулҳои таълим бо назардошти хусусиятҳои маводи таълимӣ ва имкониятҳои хонандагон;
– кумак ба хонандагон дар бартараф намудани мушкилоти омӯзиш;
– нишондиҳандаи баланди фаъолияти бачагон дар дарс;
– гуманизатсияи раванди таълиму тарбия;
– муносибати шахсӣ;
– малакаҳои машғул шудан ба худомӯзӣ Маҳорати касбии омӯзгор ба шарте ташаккул меёбад, ки ӯ ба таҷриба такя накарда, тайёр будани худро пеш аз ҳар дарс гаштаю баргашта санҷад, яъне:
– вазифаҳои хонандагон дар дарс дақиқ муайян кунад;
– барои иҷрои вазифаҳои таълимӣ шаклҳо, методҳо, усулҳо, воситаҳо, варакаҳо ва маводҳои аёниро интихоб намояд ва онҳоро оқилона истифода барад;
– нақшаи тавзеҳии дарсро дуруст тартиб дода, барои иҷрои ҳар як лаҳзаи дарс вақтро муайян намояд.
– ба хонандагон муфассал дастур медиҳад, ки онҳо бояд чӣ кор кунанд, чӣ гуна корҳои дар пешистодаро иҷро намоянд;
– муносибати тафриқавӣ ва инфиродиро ба роҳ монад;
– аз ҳамкории мутақобила дар зергурӯҳҳо истифода барад;
– меъёри супориш ва вақтро барои кори мустақилона муайян мекунад.
Хонандагонро водор менамояд, ки супоришҳоро дар вақти муайяншуда ба иҷро расонанд;
– дастовардҳои таълимии ҳар як хонандаро санҷад;
– санҷиши мавзуии донишҳоро истифода барад;
– бехтаринҳоро мукофотонида, фаъолонро руҳбаланд гардонад.

пешина
аз 142
навбатӣ