Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, барои ташаккул ёфтани маҳорати омӯзгор, фаъолияти ӯро аз ҳама ҷиҳат ҷиддӣ таҳлил намудан зарур аст. Аммо нишондиҳандаи асосии маҳорати омӯзгор дар сифати таълиму тарбияи хонандагон ва пешравии фаъолияти ӯ дар муносибатҳои инсондӯстонаи педагогӣ зоҳир мегардад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Фаъолияти омӯзгор тибқи кадом нишондиҳандаҳо ва самтҳо таҳлил карда мешавад?
    Бо мисолҳо шарҳ диҳед.
    1. Ба фикри Шумо барои чӣ фаъолияти омӯзгорро таҳлил намудан лозим?
      Ҳуқуқ, вазифа ва уҳдадориҳои омӯзгор дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» чӣ гуна муқаррар гардидааст, азхуд намуда, нависед.
  2. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вазифаҳои омӯзгори синфҳои ибтидоиро барои ташаккули шахсияти хонандагони хурдсол муайян намуда, нависед.
  3. Хусусиятҳои фарқкунандаи таҳсилоти ибтидоиро аз таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ шарҳ диҳед.
    1.7. Салоҳиятҳои касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Мафҳуми «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ»-ро шарҳ медиҳад.
    • Салоҳиятҳои омӯзгори синфҳои ибтидоиро аз худ мекунанд.
    • Омилҳои ташаккулдиҳандаи салоҳиятнокии омӯзгорро медонанд ва дар худ татбиқ менамоянд.
    Нақша:
    • Мафҳуми «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ»
    • Ақидаҳои олимон оид ба салоҳияти омӯзгор
    • Хусусият ва самтҳои муҳимтарини салоҳияти касбии омӯзгор
    МАФҲУМИ «САЛОҲИЯТ» ВА «САЛОҲИЯТНОКӢ»
    Дар ҷаҳони воқеии бениҳоят зудтағйирёбанда, рушди пуршиддати таълими ибтидоӣ, гуногунии барномаҳои алтернативӣ, тағйири куллӣ дар ҷанбаи мурофиавии таълим масъалаи тағирёбии сифатии шахсияти омӯзгор, нақш ва фаъолияти ӯро дар раванди таълим ба миён мегузорад. Тағйироти ҷиддиро дар соҳаи маориф бидуни тағйироти куллӣ дар шуури касбии омӯзгор имконнопазир аст. Вай бояд худро доимо такмил диҳад, донишҳои навро ҷустуҷӯ кунад. Омӯзгор набояд на танҳо интиқолдиҳандаи дониш бошад, балки шахсе бошад, ки муҳити таълимии бача, синфро тарҳрезӣ карда тавонад. Ҳамчунин, ӯ бояд истифодабарандаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ бошад.
    Бисёр донишҳои нав, мафҳумҳое пайдо шуданд, ки барои омӯзгори муосир заруранд. Истилоҳи «салоҳият», «салоҳиятнокӣ» ба муомилоти илмӣ ва рӯзмарра фаъолона дохил карда шудааст, ки сатҳи дахлдори тахассуси касбии мутахассисро тавсиф мекунад.
    Мафҳумҳои салоҳияту салоҳиятнокӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ нав нестанд, вале доираи истифодаи онҳо дар гузашта то адозае маҳдуд буд. Масалан, дар аҳди Шӯро ба ҷойи ин вожаҳо мафҳумҳои «дониш», «маҳорат» ва «малака» истифода мебурданд. Лекин ин се вожа мазмуни салоҳият ё салоҳиятнокиро пурра ифода карда наметавонад. Зеро дониш натиҷаи маҷмуи муайяни илмҳост, ки хонандагон дар муассисаи таълимӣ аз фанҳои гуногун меомӯзанд, маҳорату малакаҳо сифатҳоеанд, ки дар натиҷаи машқу тамрин ва фаъолиятҳои такрори доманадор ҳосил мегарданд. Доираи салоҳияту салоҳиятнокӣ нисбатан васеъ буда, чанд унсур ё компоненти дигарро фаро мегирад. Аз ҷумла:
    – салоҳияту салоҳиятнокии касби омӯзгорӣ;
    – маҳорати омӯзгорӣ;
    – қобилияти омӯзгорӣ;
    – технологияи таълими фан;
    – фарҳанги омӯзгорӣ;
    – маънавиёт ва ахлоқи (этикаи) омӯзгорӣ;
    – сифатҳои касби омӯзгорӣ;
    – малакаҳои касби омӯзгорӣ;
    – иштироки фаъол ва шахсияти таълимгирандагон;
    – аҳли ҷомеа, падару модарон;
    – муҳити созгор;
    – воситаҳои ахбори умум;
    – назорат ва роҳбарии салоҳиятнокии хонандагон.
пешина
аз 142
навбатӣ