Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

МЕЪЁР ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ САЛОҲИЯТИ
КАСБИИ ОМӮЗГОРИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
Панҷ меъёри салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ муайян карда шудааст:

  1. Меъёри умумифарҳангӣ.
  2. Меъёри умумикасбӣ.
  3. Меъёри коммуникативӣ.
  4. Меъёри шахсӣ.
  5. Меъёри рушди худшиносӣ ва худтарбиякунӣ.
    Меъёри умумифарҳангӣ. Мутахассиси соҳаи фаъолияти таълимӣ бояд маълумоти хуби умумӣ дошта бошад, вай бояд дар соҳаҳои гуногун дониши васеъ ва амиқ дошта бошад.
    Ҳамин тариқ, аз рӯи меъёри умумифарҳангӣ се нишондиҳандаи салоҳияти касбии омӯзгор вуҷуд дорад:
    – маълумоти умумӣ ва фарогирии ҷаҳонбинӣ;
    – огоҳӣ дар соҳаи навгониҳои фарҳангӣ;
    – маданияти нутқ.
    Меъёри умумикасбӣ. Таълими бомуваффақият дар синфҳои ибтидоӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки омӯзгор ба мазмуни фанҳо дар сатҳи илми муосир пурра ва амиқ соҳиб шавад ва мундариҷаи таълимро мувофиқи ҳадаф интихоб намояд.
    Нишондиҳандаҳои салоҳияти педагогии омӯзгорро аз рӯи меъёри умумикасбӣ метавон баррасӣ кард:
    – донистани мундариҷаи фанҳои таълимӣ;
    – донистани назария ва технологияи муосири таълиму тарбия;
    – ба назар гирифтани омилҳое, ки муваффақияти фаъолияти педагогиро таъмин менамояд.
    Меъёри коммуникативӣ. Касби омӯзгор ба гурӯҳи касбҳо дар системаи «инсон — инсон» (Е. А. Климов) дохил мешавад, бинобар ин ҷузъи марказии фаъолияти педагогиро муоширати махсус ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба олами бачагӣ, зарурати муошират бо онҳо шарти зарурии худмуайянкунии касбии омӯзгор мебошад. Ин талабот аксар вақт дар хоҳиши омӯзгор, мураббӣ ва сарпарасти бачагон будан, ба онҳо додани таҷрибаи зарурии зеҳнӣ ва ахлоқӣ зоҳир мешавад. Зеро хонандаи хурдсол на ҳамеша мустақил ва худкор аст. Аксар вақт омӯзгор маҷбур мешавад, ки ҳамчун «модар» амал кунад, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор кӯдаки ошуфташударо дастгирӣ мекунад.
    Аз рӯи меъёри коммуникативӣ се нишондиҳандаи салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мавҷуд аст:
    – зарурати муошират бо бачагон ва таваҷҷуҳ ба хонандагони синни хурд;
    – вокуниши эмотсионалӣ, таносуби фаъолият ва муоширатро нигоҳ дорад;
    – услуби муоширати дӯстона ва созанда.
    Меъёри шахсӣ. Сифати фаъолияти касбӣ аз он ҷиҳат муайян карда мешавад, ки мутахассиси онро иҷро мекунад. Аз ин лиҳоз, барои кори босифати педагогӣ омӯзгор бояд хусусияту сифатҳои гуногуни шахсӣ дошта бошад, ки бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои касбӣ мусоидат кунад. Сифатҳои касбии омӯзгорро аз рӯи се асос гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст.
    Се нишондиҳандаи салоҳияти касбии омӯзгор аз рӯи меъёри шахсӣ:
    – самти касбии шахс: камолоти шахсӣ ва масъулиятшиносӣ, идеалҳои касбӣ, садоқат ба касби интихобшуда;
    – мавҷудияти хосиятҳои хоси касбӣ: муташаккилӣ, ташаббускорӣ, серталабӣ, адолатнокӣ, чандирӣ, хушзеҳнӣ, эҷодкорӣ;
    – мавҷудияти хосиятҳои мушаххаси психофизиологӣ: устувории системаи асаб, оҳанги баланди эмотсионалӣ-ихтиёрӣ, тобоварӣ ба фишори равонӣ-эмотсионалӣ.
    Меъёри рушди худшиносӣ ва худтарбиякунӣ. Такмили ихтисос дар раванди ҷамъ кардани тачриба дар фаъолияти амалӣ бояд дар асоси муносибати танқидию серталабии омӯзгор нисбат ба худ ва кори худ ба амал бароварда шавад. Рушди доимии шахсӣ ва касбӣ ҳамчун хусусияти ҷудонашавандаи маҳорати касбии омӯзгор амал мекунад.
пешина
аз 142
навбатӣ