Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Нишондиҳандаҳои салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоиро аз рӯи меъёри худшиносӣ ва худомӯзӣ метавон чунин баррасӣ кард:
– худтанқидкунӣ, серталабӣ нисбат ба худ;
– зарурати навсозии таҷрибаи назариявӣ ва амалии фаъолияти педагогӣ, тамоюли навоварӣ;
– услуби фаъолияти тадқиқотӣ.
Меъёрҳои пешниҳодшудаи баҳодиҳии салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ яке аз равишҳои имконпазири таҳлили мушкилоти касбии педагогӣ мебошанд. Аммо ин равишҳо дар заминаҳои ташхисҳои қулай ва дастраси салоҳияти касбии омӯзгор, вобаста ба вазъияту мушкилоти пешомада тағйирёбандаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Нишондиҳандаҳои салоҳияти педагогии омӯзгори синфҳои ибтидоиро аз рӯи меъёри умумикасбӣ муайян намоед.
    1. Ҷузъҳои низоми фарҳанги педагогии омӯзгорро шарҳ диҳед.
      Меъёри коммуникативии салоҳияти касбии омӯзгорро аз руи нишондиҳанда маънидод намоед.
  2. Нишондиҳандаҳои шахсии салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоиро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
    1.10. Низоми маориф ва заминаҳои асосии инкишофи он Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Омилҳои асосии инкишофи системаи маорифро медонад.
    • Принсипҳои сиёсати давлатиро дар бораи маорифи шарҳ дода метавонанд.
    • Ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани таълим дар муассисаҳои таълимии давлатиро мефаҳманд ва бо мисолҳо шарҳ медиҳанд.
    • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро меомӯзанд ва зарурияти риояи онро маънидод менамоянд.
    Нақша:
    • Маълумоти умумӣ дар бораи низоми маорифи Тоҷикистон.
    • Заминаҳои асосии инкишофи соҳаи маориф.
    • Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф.
    МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ НИЗОМИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН
    Таҳти мафҳуми низоми маориф маҷмуи муассисаҳои таълимиву тарбиявии мамлакат ва мақомоти идоракунии онҳо фаҳмида мешавад. Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мафҳуми «маориф» ва «низоми маориф» чунин тавзеҳ ёфтааст: маориф — раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад.
    Низоми маориф — мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъект­ ҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмуи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд. Ин низом бо назардошти риояи принсипҳои муайян, талаботи иҷтимоию иқтисодӣ, хусусиятҳои миллӣ барпо гашта, ба иҷрои вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодии пешгузоштаи давлат мусоидат мекунад.
    Дар рафти фаъолият муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба аҳли ҷомеа донишҳои андӯхташударо медиҳад. Мақсад, вазифаҳо, мундариҷа ва шаклҳои ташкили тарбия ба шароити моддӣ, иҷтимоии одамон вобаста буда, мувофиқи инкишофу сатҳи ҳаёташон дигаргун мешавад.
    Дар як қатор давлатҳо ҳанӯз низоми маориф ба табақаҳои аҳолӣ ва фарзандони онҳо ҳуқуқи якхелаи таҳсилро надодааст. Хонандагон пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ба гурӯҳҳои қобилиятнокҳо, камқобилиятҳо, сустҳо, ки танҳо ба кори тафаккури амалӣ машғул шуда метавонанд, ҷудо карда мешаванд.
пешина
аз 142
навбатӣ