МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Мардумони Осиёи Марказӣ то Инқилоби Октябр қариб саросар бесавод буданд.
Дар мадрасаву мактабҳои мавҷуда асосан таълимоти диниро меомӯзониданд. Пас аз Инқилоби Октябр вазъият дар Осиёи Марказӣ тағйир ёфт. Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки аввалҳо ба ҳайати Ӯзбекистон дохил мешуд, бори нахуст нозироти маориф ва низоми маорифи худро ба вуҷуд овард. Ба кори Нозирот Аббос Алиев ба ҳайси нозири маориф роҳбарӣ мекард.
Солҳои 20–30‑юм дар Тоҷикистон мактабҳои сершумор кушода шуданд, таълими якҷояи писарону духтарон амалӣ гашт ва бесаводӣ барҳам хӯрд. Низоми маорифи ҷумҳурӣ аввал маълумоти умумии ибтидоӣ, пас ҳафтсолаву дертар маълумоти ҳаштсола ва дар нимаи дуюми солҳои 60‑уми асри гузашта маълумоти миёнаи умумиро дар байни тоҷикистониён ҷорӣ намуд.
Тоҷикистон то соли 1991 дар ҳайати ИҶСШ дар асоси хоҷагии мутамарказонидашуда ва нақшавӣ тараққӣ карда, ба чунин сатҳи инкишофи низоми маориф ноил гардида буд, ки кишварҳои дорои даромади миёна ба он расидаанд. Ибтидои солҳои 90‑ум дар Тоҷикистон дараҷаи баланди маълумотнокии аҳолии калонсол 99% (дорои маълумоти миёна ва олӣ) таъмин шуда буд. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, давлати мустақил гашта, низоми нави маорифро бунёд кард.
Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло тибқи муқарраротҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин фаъолият мебарад:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;
– Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ЗАМИНАҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ СОҲАИ МАОРИФ
Барои барпо кардан ва инкишоф ёфтани низоми маориф дар ину он мамлакат омилҳои зерин замина мегузорад:
- Сатҳи болоравии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва такомулоти асосҳои илмию техникии он. Инкишоф ва болоравии сатҳи илмию техникии истеҳсолоти ҷамъиятӣ аз ҳар ҷиҳат оммаи асосии истеҳсолкунандаи маълумоти умумӣ ва техникӣ доштаро талаб мекунад. Ин талаботи объективӣ инкишофи системаи мактабӣ ва такомулоти онро мунтазам мепарварад.
- Таъсири сиёсати синфҳои идоракунандаи ҷамъиятӣ. Инкишофи муассисаҳои таълими-тарбиявӣ ва системаи маориф дар ин ё он кишвар зери таъсири сиёсати идоракунандагони синфи он рух медиҳад.
- Муборизаи меҳнаткашон барои вусъат додан ва баланд бардоштани сифати маориф.
- Таҷрибаи таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ дар соҳаи маориф.Системаи маорифи ҳар кишвар бо таъсири таҷрибаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ низ гузошта мешавад, ки ин дар мактабҳои зинадори миёна ҷудо-ҷудо ё якҷоя хондани писарбачаҳо ва духтарбачаҳо ифода мекунад.
- Омили педагогӣ. Таъсири омили педагогӣ ба инкишофёбии системаи маориф гуногуншакл аст. Дар аввал таъсисёбии кедакистонҳо зарурати дар истеҳсолот озодона кор кардани модарон имконият дод. Сониян, таъсири соф омили педагогӣ афзуд; яъне зарурати бармаҳал тарбия кардани атфол ва ба омӯзиши мактаб тайёр кардани онҳо ба миён омад. Омилҳои педагогӣ барои таъсисёбии типҳои гуногуни мактаб ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим бозид. Чунончи, аз нуқтаи назари педагогӣ маълумоти касбӣ бояд дар рукни маълумоти умумӣ гузарад ва ин мувофиқи матлаб аст. Ҳоло дар мамлакатҳои гуногун пояи ин ё он зинаи мактаби маълумоти умумӣ инкишоф меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё