МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан- Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд.
Забони таҳсил. Дар қонун нисбати забони таҳсил омадааст: - Забони таҳсил дар муассисаҳои таълиму тарбияи ҷумҳурӣ бо Қонун «Дар бораи забон» танзим мешавад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон интихоби озодонаи забони таълимро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сарҷамъи миллатҳои дигар ба забони модариашон гирифтани маълумоти миёнаи умумиро таъмин менамояд.
Умуман, низоми маориф беҳамкории ҳаматарафаи зинаҳои мактабҳо ба омӯзишу истифодаи таҷрибаи давлатҳои дигар ва ёрии ташкилотҳои байналхалқию ғайридавлатӣ бемайлон, бомуваффақият пеш рафта наметавонад. Бояд дар оянда низ Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад ва низоми маорифамон бо давлатҳои ҳамсоя ҳамкориро давом диҳад, чунки мақсаду вазифаҳо, муассисаҳои таълиму тарбиявӣ, шаклҳои кори педагогҳо ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Хусусан, солҳои охир ҳамкориву дӯстии маорифчиёни Тоҷикистон бо таълимгоҳҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон ва ғайраҳо васеъ ва қавитар мегарданд.
Ҳамин тавр, низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар такомул аст.
Муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва зинаҳои он, инчунин мактабҳои миёнаи касбӣ, коллеҷҳои касбомӯзӣ, макотиби олӣ вазифаҳои ба зимма доштаи худро иҷро карда истодаанд. Барои инкишофи минбаъдаи муассисаҳои маориф омӯзгорон, мураббиҳо, олимон ва кормандони мактабҳои олӣ дар оянда низ масуланд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ: -
-
-
-
- Мафҳуми низоми маорифро шарҳ диҳед?
Кадом омилҳо барои инкишофи соҳаи маориф таъсир мерасонад?
Принсипҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф шарҳ диҳед.
Ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани таълимро шарҳ диҳед.
Дар инкишофи соҳаи маориф кадом санадҳои меъёрию меъёрию ҳуқуқӣ мусоидат мекунад?
- Мафҳуми низоми маорифро шарҳ диҳед?
-
-
-
- Мафҳумҳои «маориф» ва «низоми маориф» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» чӣ гуна тавзеҳ дода шудааст?
Сохтори низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Заминаҳои асосии инкишофи низоми маорифро медонанд.
• Меъёрҳои давлатии маълумоти умумиро аз худ мекунанд ва моҳияти онро дар ҳаёти шахс дарк мекунанд.
• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро меомӯзанд ва зарурияти риояи онро маънидод менамоянд.
Нақша:
• Сохторҳои низоми маориф.
• Вазифаҳои сохторҳои дигари низоми маориф.
• Мавқеи мактаби ибтидоӣ дар низоми маориф.
СОХТОРҲОИ НИЗОМИ МАОРИФ
Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:
– стандартҳои давлатии таҳсилот;
– барномаҳои таълимӣ;
– шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;
– мақомоти идоракунии маориф;
– муассисаҳои таълимӣ;
– субъектҳои раванди таълиму тарбия;
– муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф;
– иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ;
– воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё