МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ВАЗИФАҲОИ СОХТОРҲОИ ДИГАРИ НИЗОМИ МАОРИФ
Дар низоми маориф инчунин сохторҳои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо ба вазифаҳои зерин вобаста мебошанд:
– гирифтани таҳсилот ва таъмини он;
– гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
– тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
– амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ;
– мусоидат барои иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ;
– мониторинг ва арзёбии дониш аз рӯи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар низоми маориф метавонанд сохторҳои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста намебошад.
МАВҚЕИ МАКТАБИ ИБТИДОӢ ДАР НИЗОМИ МАОРИФ
Маълум аст, ки мактаби ибтидоӣ дар низоми маориф мавқеи муҳимеро ишғол мекунад. Миқдори хонандагон, синфҳои ибтидоӣ дар таркиби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбатан сершуморанд, ки ин ба мавқеи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бетаъсир нест.
Дар синфи ибтидоӣ бо хонандагон асосан як нафар омӯзгор бо меҳру муҳаббати самимӣ кор мекунад, онҳоро савод омӯхта ба таҳсил дар синфҳои болоӣ тайёр менамояд. Давраи омӯзиш дар синфӣои ибтидоӣ барои инкишофи хуби бачагон мувофиқ мебошад. Агар омӯзгори синфи ибтидоӣ дар асоси талаботи замон, назардошти хусусиятҳои хонандагони хурдсол тарбияро ба роҳ монад, албатта комёбиҳои назаррас ба даст меоварад ва ба иҷрои саривақтии мақсади таълиму тарбия ноил мегардад. Хуллас, муваффақияти хонандагони синфи ибтидоӣ ба назорати педагогии омӯзгор вобастагӣ дорад. Омӯзгорон фидокорона меҳнат карда, дар синфҳои ибтидоӣ завқу шавқи шогирдонашонро ба донишгирӣ мепарваранд. Асосҳои шахсиятро ташаккул медиҳанд, суннатҳои миллиро истифода бурда бачагони хушахлоқу ватандӯстро ба воя мерасонанд, забондонӣ, ҷаҳонбинӣ, қадршиносиву худшиносии шогирдонро ривоҷу равнақи тоза мебахшанд.
Аз омӯзгори нахустин аксари дастпарварон як умр миннатдор, чунки онҳо муддати чор сол таълиму тарбия медиҳанд, ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир менамоянд ва дар бобати рушди фикриашон хизмати арзанда мекунанд. Ин хизмати хоксоронаи омӯзгорашонро хурдсолон ҳаргиз аз хотир намебароранд. Омӯзгорони пешқадами синфҳои ибтидоӣ дар муассисаҳои таълимӣ хонандагонро доно, фаъол, интизомнок, ғамхору хушмуомила тарбия карда, дар байни дигарон мақоми хоса пайдо кардаанд.
Синфи баъзе омӯзгорони хонандагони хурдсол ҳамчун синфҳои беҳтарини мактаб эътироф мешавад. Шогирдон бошанд, як умр дар ҳама гуна мавридҳо бо устоди худ, синфу ҳамсабақҳояшон ифтихор менамоянд.
Ҷой ва мавқеи синфҳои ибтидоӣ минбаъд ҳам дар низоми маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкаму назаррастар хоҳад шуд, зеро омӯзгорон дар таълиму тарбия бо саъю кӯшиш бештар аз пештар фаъолият мекунанд. Ба душвориҳо нигоҳ накарда усулҳои пешқадами таълимро ҷорӣ месозанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) 3) Барои чӣ низоми маорифро соҳаи муҳими ҷомеа мешуморанд?
Сохтори низоми маорифро дар шакли нақша ё ҷадвал нишон диҳед.
Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро оид ба сохтори низоми маориф аз худ намуда, шарҳ диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё