МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ВА ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ДОНИШҶӮЁН
Усули (техникаи) ҷустуҷӯи адабиёт. Кор бо китоб, сарчашмаҳо, дастурҳо нашриёти библиографӣ ва феҳрастҳо.Ҷустани адабиёт яке аз намудҳои кори мустақилонаи донишҷӯ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ҳар як донишҷӯ ба ҷустани адабиёт барои машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, лабараторӣ, барои навиштани реферат, кори курсӣ, дипломӣ ва ғайра машғул мешавад. Маълум аст, ки ҷустуҷуи адабиёт дар китобхонаҳои шаҳрию-вилоятӣ ва донишгоҳӣ сурат мегирад.
Дар ин бобат кормандони китобхона ва хусусан каталогҳои (феҳрастҳои) китобҳо ва маҳолаҳои маҷаллавӣ мадад мерасонанд.
Барои бо осонӣ дарёфт намудани китоб феҳрастҳо (каталогҳо) мавҷуд аст. Ҳар як китоб варақаи алоҳида пур карда мешавад, ки дар он шифр (рақам) ҷои нигаҳдории китобро дар хазинаи китобхона нишон медиҳад, дар ҳамин варақа муаллиф ва номи китоб, шарҳи мухтасари он навишта мешавад. Варақа (карточка) дар феҳрастҳо (каталогҳо) аз рӯи қоидаи муқаррарӣ ҷудо карда мешавад. Феҳрастҳои хеле дастрас гардидаю паҳншуда: алифбои систематикӣ ва фаннӣ мебошад. Варақаҳо бо тартиби алифбо ба қуттичаҳо тақсим карда мешаванд.
Дар феҳрастҳои систематикӣ ва фаннӣ варақаҳо мувофиқи мазмуну мундариҷаашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд. Феҳрастҳои систематикӣ аз рӯи соҳаҳои дониш, масалан: гуманитарӣ, филология, математика, биология, химия ва ғайра тартиб дода мешаванд.
Дар дохили қутӣ бисёр қисмҳо мавҷуданд. Онҳо ба корҳои умумӣ оид ба тадқиқоти фанҳои алоҳида тааллуқ доранд. Варақаҳои мобайнӣ бо алифбои номгӯи китоб, ному насаби муллифони китоб гузошта шудаанд.
Ғайр аз феҳрастҳои алифбогӣ, систематикӣ ва фаннӣ дар китобхонаҳои калон барои нашрияҳои даврӣ картотекаҳо мавҷуданд.
Картотекаи мақолаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо ба система даровардашуда, картотекаи тақризҳо бо ному насаби муаллифони такризҳо ба тартиб дароварда мешавад. Тартиб додани феҳрасту картотекаҳо кори мураккабу, ҷараёни бефосила мебошад. Бинобар он, бо варақаҳо эҳтиёткорона муносибат кардан зарур аст.
Шиносоӣ бо сарчашмаҳои адабиёт. Мисол, донишҷӯ аз нашрияи педагогика ва психология номгӯи китобчаи Р. Х. Шакуров «Инкишофи эҷодии педагог»-ро хонда ба хулосае меояд, ки ин китоб ба масъалаҳои хеле муҳим, аз ҷиҳати эҷодӣ инкишоф ёфтани педагог бахшида шудааст. Агар донишҷӯ бо дигар асарҳои ба ҳамин мавзуъ ва умуман дигар асарҳои ин муаллиф шинос шуданӣ бошад, дарҳол мавқеи ин китобчаро муайян карда метавонад, ки кадом масъалаҳои назариявӣ ё амалӣ дар ин китоб бояд хубтар инъикос ёфта бошад. Пас, бояд муайян намояд, ки аз ин китоб барои кори худ чӣ гирифта метавонад ва доир ба кадом масъалаҳо (назариявӣ ё амалӣ) ба дигар асарҳо бояд муроҷиат намояд. Ғайр аз ин донишҷӯ аз рӯи шиносоии аввалин муайян мекунад, ки китоб чӣ хел аст: оммавӣ, монографӣ, дастурӣ, методӣ ё маҷмуаи мақолаҳо ва ё ҳамчун китоби дарсӣ тавсия шудааст ва ғайра.
Омӯхтани аннотатсияи китоб. Аннотатсия хонандаро бо мазмуни мухтасари китоб шинос намуда, имкон медиҳад, ки масъалаҳои асосии китоби мавриди истифода дарк карда шавад. Мисол, аннотатсияи китобчаи дар боло номбаркардаамонро меоварем: «Дар китобча масъалаҳои педагогӣ-психологии баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорони мактаб ва омӯзишгоҳҳои техникӣ, сабабҳое, ки омӯзгоронро барои такмил додани маҳорати касбии худ сафарбар менамояд, роҳҳо ва воситаҳои аз тарафи роҳбарони коллективҳои педагогӣ ҳавасманд намудани ин ҷараён дида баромада шудааст. Китобча барои омӯзгорон, роҳбарони мактабҳо пешбинӣ шудааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё