Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Омӯхтани мундариҷаи китоб. Дар асоси омӯхтани китоб, мантиқи баёни мавзуъҳо, доираи проблемаҳое, ки дар бораи онҳо сухан меравад, фаҳмида мешавад.
Аз рӯи мундариҷаи китоб муайян кардан мумкин аст, ки кадом боб ва фаслҳои китоб барои хонанда заруранд.
Намудҳои навиштаҷот: нақша, тезис (матни мухтасар), конспект (матни муфассал), реферат.
Тартиб додани нақша. Нақша аз системаи номгӯи сарлавҳа иборат буда, фикри асосии ҳар як қисми асарро, ки аз ҷиҳати мантиқӣ ба охир расидааст дар бар мегирад. Нақша оддӣ ва мураккаб мешавад. Ҳангоми дар шакли мураккаб тартиб додани нақша ҳар як қисми асар бо сарлавҳачаҳо ишора карда мешавад, ки ҳар кадоми он фикри асосии як порчаро ифода мекунад.
Тартиб додани фишурда (тезис) — ин шакли кор имконият медиҳад, ки масъалаҳои асосии маводҳои омӯхташуда мухтасар ифода карда шавад. Тезис ду хел мешавад: Оддӣ ва мураккаб. Тезиси оддӣ навиштаҷоти бе шарҳу исбот мебошад. Он метавонад, ки аз як масъала иборат бошад. Дар ҳамон вақт тезис тартиб дода мешавад, ки агар шахс чизи хондагиашро хуб фаҳмида аз худ карда бошаду дигар ба конспект кардани он зарурият намонда бошад. Вале барои фикрро пай дар ҳам баён кардан нақшаи онро ба рӯи қоғаз овардан лозим аст, яъне кадом масъаларо баъди кадомаш гуфта гузаштан лозим аст. Танҳо чизҳои аз ҳама муҳимро навишта гирифта, барои тасдиқи онҳо баъзе далелҳо, рақамҳоро оварда онро асоснок кардан лозим.
Конспект кардан воситаи муҳими мустаҳкам азхуд намудани мазмуни маводи омӯхта мешудагӣ мебошад. Ҷиҳати хоси конспект аз он иборат аст, ки ба шакли мухтасар навишта мешавад. Усулҳои асосии конспектнависӣ инҳоянд:

  1. Матн ҳамон вақт истифода карда мешавад, ки зарурияти дар дафтари худ навиштани мазмуни чизи хондашуда пеш ояд.
  2. Мустақилона ҳангоми тартиб додани он навиштаҷот вазъияти муҳимтаринро дар шакли мухтасар ва кӯтоҳ ифода мекунанд, ки он бо суханони шахси навиштагиранда ифода карда мешавад.
    Конспектнависии мураккаб, яъне дар он якчанд шаклҳои навиштагирӣ муттаҳид карда шудааст. Эродҳои танқидӣ, хулосаҳо оид ба ҳар як боб ва хулосаи умумӣ доир ба тамоми мавзуъ, инчунин дар асоси истифода бурдани адабиёти иловагӣ ва таҳлили маводи мутолиашуда дода мешавад.
    Навиштани реферат нисбат ба конспект вақту муҳлати зиёдеро талаб мекунад, чунки дар навиштани реферат лозим, ки матн хеле муфассал баён ва таҳлил карда мешавад. Ҳангоми навиштани реферат донишҷӯ ба маводи мавриди омӯзиш ба таври танқидӣ нигаристану хулоса бароварданро ёд мегирад. Интихоби мавзуи реферат ба аҳамияти мавзуъ ва хусусияти факултет вобаста аст. Ҳамаи нақша, номгӯи адабиёт навишта мешавад. Иҷрои реферат аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки малакаҳои асосии иҷрои кори илмӣ маҳз ҳангоми иҷрои реферат ҳосил шуда, минбаъд мукаммал мешавад. Ташкили кори мустақилона бо усули навиштани реферат аз якчанд зина иборат аст: тасдиқ намудан ва ба маълумоти донишҷӯён расонидани мавзуи рефератҳо, тайёр намудани реферат, ташкил намудани муҳокимаи он дар гурӯҳ, интихоб намудани маърӯзачиён барои конфронси илмӣ ва озмунҳо, гузаронидани конфронси илмии донишҷӯён.
пешина
аз 142
навбатӣ