МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар натиҷа, барои ошкор кардани душвориҳои омӯзиши ҳар хонанда, ислоҳ ва ёрӣ ба ӯ вақт намерасад.
Истифодаи низоми арзёбии ташаккулдиҳанда пешрафти хонандагонро беҳтар карда метавонад. Зеро тавассути он ба хонандагон дар бораи чӣ тавр сурат гирифтани ҷараёни омӯзиш доимо маълумот медиҳанд. Дар ин ҳолат, душвориҳои донишандӯзии ҳар хонандаро ошкор сохтан, диққати онҳоро ба соҳаҳои ҳалталаб ҷалб кардан, самти рушди онҳоро муайян намудан муяссар мегардад.
ТАРЗҲОИ АРЗЁБИИ ТАШАККУЛДИҲАНДА
Тарзҳои гуногуни арзёбии ташаккулдиҳанда мавҷуданд, ки барои мисол баъзеи онро ҳамчун тавсия ба омӯзгор пешниҳод менамоем:
– ба хонандагон пешниҳод кунед, ки дар оғоз ва анҷоми дарс таърифи мафҳум ва ақидаҳои асосиро нависанд, ҷараёни тағйироти фаҳмиши худро муқоиса намоянд;
– аз хонандагон хоҳиш намоед, ки ба таври инфиродӣ, дунафарӣ, гурӯҳӣ, баъди фаҳмонидан, муқоиса ё хондан фаҳмиши худро хулосаю ҷаъмбаст намоянд;
– оид ба савол (масъала)-и асосӣ якчанд ҷавоб нависед, аз хонандагон хоҳиш кунед, ки якеро интихоб намоянд;
– ба хонандагон таклиф намоед, ки дунафарӣ, сенафарӣ, дар гурӯҳҳои хурд дар бораи мавзуи асосии дарс ҷавобҳои худро нависанд. Баъд аз он дар гурӯҳ муҳоқима карда, як қатор ҷавобҳои беҳтаринро интихоб намуда, ба аҳли синф қироат кунанд.
Хулоса, ба боварӣ гуфтан мумкин аст, ки истифодаи мунтазам ва тарзҳои гуногуни арзёбии ташаккулдиҳанда барои татбиқи муносибати ба шахсият нигаронидашуда мусоидат мекунад.
Ҷанбаи муҳимми таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият — худбаҳо ва бо ҳам баҳодиҳии хонандагон мебошад. Ин шаклҳои баҳодиҳӣ хонандагонро ваколатдор намуда, мустақилияти онҳоро меафзояд. Дар маҷмуъ чунин муносибат ба хонанда ёрӣ мерасонад, то барои омӯзиши худ масъулиятро ба дӯш гирад.
МАРҲИЛАҲО ВА МЕТОДҲОИ БА ҶАРАЁНИ АРЗЁБӢ ҶАЛБ НАМУДАНИ ХОНАНДАГОН
Баъзе лаҳзаҳои ба ҷараёни арзёбӣ ҷалб намудани хонандагонро баррасӣ менамоем.
- Ҷалби хонандагон дар марҳилаи масъалагузорӣ:
– интихоби масъала барои арзёбӣ;
– гузоштани масъалаи арзёбишаванда;
– баррасии меъёрҳои баҳогузорӣ;
– қабули меъёрҳои (ченакҳои) баҳогузорӣ. - Ҷалби хонандагон баъди иҷрои масъалаи арзёбишаванда:
– худбаҳодиҳӣ ва шарҳи он;
– баррасӣ ва мувофиқаи баҳои худ бо омӯзгор;
– арзёбӣ ва шарҳи кори ҳамсинфон;
– мувофиқаи баҳо бо ҳамсинфон ё баҳое, ки ҳамсинфон ба хонанда гузоштаанд.
Амалҳои зикршуда аз методҳое, ки дар амалия то ҳанӯз истифода мешаванд, фарқ доранд. Дар ин ҳолат методҳои арзёбиро аз рӯи дараҷаи мувофиқи дархостҳои таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият истифода баред. Ҳангоми баҳодиҳии раванд ва натиҷаҳои фаъолияти хонандагон шумо метавонед аз методҳои гуногуни арзёбӣ истифода баред, ки номгӯи баъзеи онро пешниҳод мекунем:
– рӯзномаи худмушоҳида;
– варақаҳои (протоколи) худбаҳо ва бо ҳамбаҳодиҳӣ;
– қарордод дар бораи методу меъёрҳои баҳодиҳӣ;
– интихоби тарзҳои иҷрои корҳои санҷишии ҷамъбастӣ;
– методҳои арзёбии ташаккулдиҳанда;
– меъёрҳо ба дараҷаи ташаккули салоҳият;
– меъёрҳои арзёбии малакаҳои таълимӣ оид ба фан;
– портфолио;
– нишондиҳандаи муваффақият;
– тавсия;
– тафсир ва ғайраҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё