МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хонданСАВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) 3) Дар синфҳои ибтидоӣ вобаста ба арзёбӣ кадом проблемаҳо мавҷуд аст?
Арзёбии ташаккулдиҳанда аз баҳои анъанавӣ чӣ фарқ дорад?
Дар арзёбии ташаккулдиҳанда кадом сифатҳои шахсияти хонандагон ташаккул меёбад? -
- Роҳҳои ҷалби хонандагонро ба ҷараёни баҳогузорӣ бо мисолҳо шарҳ диҳед.
Доир ба методҳои арзёбии ташаккулдиҳанда кластер тартиб диҳед.
1.31. Мақсад ва вазифаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Мақсаду вазифаҳои таҷрибаи омӯзгориро медонанд ва ба касби омӯзгорӣ омода мешаванд.
• Аҳамияти таҷрибаи омӯзгорӣ дар низоми тайёрии омӯзгори ояндаро шарҳ медиҳанд.
• Намудҳои таҷрибаи омӯзгориро медонанд ва аҳамияту зарурияти ҳар яки онҳоро барои донишҷӯён ва омӯзгорони оянда дарк мекунад.
• Мафҳуми эҷодиёт ва сарчашмаҳои онро шарҳ медиҳанд.
• Вазифаҳои педагогиро таснифот менамоянд.
Нақша:
• Моҳият ва вазифаҳои таҷрибаи педагогӣ
• Ташкили корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо хонандагон дар таҷрибаи педагогӣ
• Хусусиятҳои синнусолии хонандагони синфҳои ибтидоӣ
МОҲИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАҶРИБАИ ПЕДАГОГӢ
Таҷрибаи педагогӣ вижагиҳои таълимӣ дорад. Кори донишҷӯён аз кори муаллимон фарқ мекунад. Омӯзгор ҳар рӯз, ҳар соат мунтазам ба раванди яклухти таълимию тарбиявӣ шуғл варзад, мақсад ва вазифаҳои фаъолияти вай ташаккул додани шахсияти хонандагон. Мақсад ва вазифаҳои донишҷӯ бошад, пеш аз ҳама ташаккул додани худ, азхудкунӣ ва уҳдабароӣ нисбати барпо кардани раванди мурааккаби яклухти таълимию тарбиявӣ мебошад.
Таҷрибаи омӯзгорӣ яке аз марҳилаҳои асоситарини тайёрии донишҷӯ ба касби оянда аст. Зеро донишҷӯ донишҳои назариявии дар зимни таълими фанҳои ихтисосиву педагогӣ ҳосил кардаашро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар амал татбиқ менамояд.
Дар давраи таҷрибаи омӯзгорӣ донишҷӯ натанҳо ба кори мустақилона тайёр мешавад, балки барои инкишофи имкониятҳои эҷодии шахсияти ӯ чун омӯзгори оянда шароит фароҳам мегардад.
Таҷрибаи омӯзгорӣ чун зинаи асосии системаи таҳсилоти касбӣ хусусияти таълимиву тарбиявӣ дорад. Он тайёрии назариявии донишҷӯро бой ва ғанӣ гардонида, барои истифодаи ин донишҳо дар ҳалли вазифаҳои амалӣ шароит мусоидат менамояд. Ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ ҳам дар ҳамин давра ҷараён мегирад.
Инчунин тарбия намудани муҳаббати устувори донишҷӯён нисбат ба касби омӯзгорӣ эҳтиёҷоти худомӯзии касбӣ ва омода намудани онҳо ба муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти педагогӣ вазифаи муҳими таҷрибаомӯзии таълимӣ мебошад.
Ҳангоми таҷрибаи педагогӣ донишҷӯён мувофиқи нишондод ва дастурҳои пешниҳодшудаи муассисаи таҳсилоти касбӣ амал мекунанд, ки ин асосан чунин вазифаҳоро фаро мегирад:
- Роҳҳои ҷалби хонандагонро ба ҷараёни баҳогузорӣ бо мисолҳо шарҳ диҳед.
- Азхуд кардани маҳорат ва муносибати ба мақсад мувофиқи педагогӣ бо хонандагон. Азхуд кардани маҳорати омӯхтани ҳар як хонанда.
- Азхуд кардани бештари раҳёфтҳои дастраси корҳои ташкилии фориғазсинфии хонандагон.
- Азхуд кардани маҳорати барқарории робита бо волидайни хонандагон.
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бояд маҳорат ва малакаҳои зеринро аз худ намоянд: омӯзиши шахсияти бачагон ва коллективи хонандагон; муайян намудани мақсад ва вазифаҳои таълимию тарбиявӣ: банақшагирии фаъолияти педагогӣ; истифодабарии шакл, роҳ, усул, восита ва усулҳои идоракунии фаъолияти донишандӯзии хонандагон, ташкил ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ ва роҳбарӣ ба худтарбиякунии хонандагон; таҳлил ва ҷамъбасти таҷрибаи педагогӣ, ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои тадқиқотӣ; гузаронидани чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва ҷамъиятию педагогӣ дар байни аҳолӣ ва падару модарон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё