МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ТАШКИЛИ КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАРБИЯВӢ БО ХОНАНДАГОН ДАР ТАҶРИБАИ ПЕДАГОГӢ
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷуён бо фаъолияти амалӣ, таҷрибаи анъанаҳои муассисаҳо шинос мешаванд, бо омӯзиши шахсият ва коллективҳои гуногуни бачагона машғул мешаванд, фаъолияти амалии худро ба нақша мегиранд аз равияҳо ва мундариҷаи муайян кардашуда корҳои тарбиявӣ, ташкилию оммавӣ мегузаронанд. Равияҳои корҳои тарбиявӣ гуногунанд:
– корҳои оммавию сиёсӣ;
– тарбияи меҳнатӣ, иқтисодӣ ва интихоби касб;
– муҳофизати табиат ва табиатшиносони ҷавон;
– тарбияи эстетикӣ, ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ.
Омӯхтани шахсияти хонандагон ва ба ҳисобгирии он дар раванди таълиму тарбия.
Дар таҷрибаи педагогии муосир талабот нисбати фавран муайянкунии сатҳи пешрафту инкишофи хонандагон бештар ҳис карда мешавад. Ин ба самаранок идоракунии раванди ташаккулёбии шахсият, ки барои муайян кардани умқи дониш, суръат ва хусусиятҳои хоси тағйирёбӣ ба миён омадааст.
Вазифаҳои асосии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мухтасаран иҷрои корҳои доир ба масъалаҳои омӯзиши ҳаматарафаи хонандагон, фаҳмондану ба амал баровардани талабҳои қоидаҳо барои хонандагон, назорату мушоҳидаҳои ҳаррӯза, пешрафти хонандагон ва иҷрои вазифаи хонагӣ аз тарафи онҳо, гузаронидани ҷамъомадҳои синфӣ, ҷалб кардани хонандагон ба кори маҳфилҳо, ташкили кори фоиданоки ҷамъиятӣ, расонидани кумак ба кори созмонҳои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ғамхорӣ дар бобати саломатии хонандагон, мустаҳкам намудани алоқа бо волидон ва оилаҳо, ботартибии ҳуҷҷатҳои синфӣ ва ғайраҳо иборат аст.
Вазифаи муҳимтарини омӯзгори синфи ибтидоӣ ташкилу роҳбарӣ ба раванди таълиму тарбия, таълими инкишоф ва ташаккулёбии хонандагон аст. Онҳо бояд ҳар корро пешакӣ фикр карда бароянд, натиҷаашро донанд ва аз рӯи нақша пеш баранду таҳлил кунанд, хулосаҳо бароранд.
Омӯзгори синф дар муассисаи таълимӣ шахси наздиктарин ва ғамхортарини хонандагони хурдсол ба шумор меравад. Вай ба тамоми корҳои таълимӣ ва тарбиявии синф шахси масъул мебошад. Вай ба тамоми ҳайати синф роҳбарӣ намуда, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимии коллективи синфро ба роҳ мемонад, ба ташаккулёбии маънавии ҳар як хонанда мадад мерасонад.
Хонандагонро барои чӣ омӯхтан лозим аст? Барои дуруст таълиму тарбия намудани хонандагон омӯзгори синф бояд онҳоро ҳаматарафа донад. Муваффақиятнокии фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бештар ба ҳаматарафа аз худ кардани олами ботинии хонанда, донистани ҳолати руҳӣ ва сабабҳои рафтори он вобаста аст.
Педагоги машҳури рус К. Д. Ушинский талаб мекард, ки ҳар як педагог хусусият ҳои руҳии табиати одамро нағз донад. Вай дар сарсухани асари калони худ «Одам ҳамчун предмети тарбия» навишта буд: «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия карданӣ бошад, пеш аз ҳама, вай онро низ аз ҳар ҷиҳат дониста гирад».
Омӯхтани хонандагон вазифаи ҳар як омӯзгор мебошад. Омӯзгор дар раванди кори таълимӣ бояд ҳар як хонандаро бодиққат омӯзад. Ҳаматарафа омӯхтани хонанда шарти муҳими ташкилу тарбияи коллективи синф мебошад. Ҳайати синфро надониста, воситаҳои бештар таъсирбахши ба коллективи дӯстона муттаҳид намудани онро дарёфтан мумкин нест. Дар асоси чунин омӯзиш ба пешравӣ ва рафтори ҳар як хонанда баҳои дуруст ва ҳаққонӣ додан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё