Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои хоси синни хурди мактабӣ дар ноустувории диққати онҳо, серғайратӣ ва ҳассосии онҳо зоҳир мегардад. Ноустувории диққат бо инкишофи сусти озодона тобеъ карда тавонистани рафтори худ ба вазъиятҳои зоҳирӣ, таъсироту эътибор не, балки ба мақсаду вазифаҳои дохилӣ вобаста мебошад, ки омӯзгор дар назди хонанда мегузораду он бояд вазифаи ботинии бача ҳисоб ёбад. Бинобар ҳамин ҳам диққати бачагон, хусусан мактаббачагони синфи якум, дар дарс, ҷамъомаду суҳбатҳо ба мақсадҳои асосӣ не, балки ба дигар тараф равона карда мешавад.
Диққати хонандагони синфи 1–2 на ба иҷрои амалиёти фикрӣ, балки ба иҷрои корҳои берунӣ бештар равона карда мешавад. Омӯзгор барои диққати онҳоро нигоҳ доштан рафтори берунии онҳоро ба тартиб меорад(«Ҳама ба ин расм нигаред», «дар китоби шумо сурати Пӯлод дар куҷо кашида шудааст?», «Дар ин ҷумла чанд калима ҳаст, дар ин калима чанд ҳарф ҳаст, ҳисоб кунед» ва ғайра). Хуб мешавад, ки ҳал кардани масъалаҳои фикриро бо кашидани расм, нақшакашӣ иваз намоем. Ин ба бачагон барои ба тартиб даровардани диққат ва идора карда тавонистани он ёрии калон мерасонад.
Серҳаракатии бачаи хурдсоли синни мактабӣ низ ба суст инкишоф ёфтани фаъолияти иродавии ӯ вобаста мебошад. Организми кӯдак, ки табиатан серҳаракатиро талаб менамояд, дар ҳақиқат, дар як вазъият дер истода, ҳамон як амалиётро борҳо такрор карда наметавонанд. Вай ҳанӯз хоҳиши серҳаракатии худро бо дигар фаъолият иваз карда наметавонанд. Омӯзгор кӯшиш мекунад, ки ба таври зайл ба онҳо барои муташаккилона ҳаракат кардан имконият медиҳад: аз ҷой хестан, дастҳоро боло бардоштан, ангуштонро ҷунбондан; вазифаи дигар супоридан, дар назди онҳо вазифаҳои нав гузоштан.
Ҳассосии хонандагони хурдсол дар зуд ба ҳаяҷон омадани онҳо: ҳолати руҳии худро бо овози баланд изҳор намудан, таассуроти худро ба ягон кас нақл кардан, ба ҳодиса ва воқеаҳои намоён зуд майл кардан зоҳир мегардад. Вазифаи омӯзгор на аз он иборат аст, ки ин майлу хоҳиши табиии кӯдаконро манъ кунад, балки онро ба масъалаю вазифаҳое дар дарс тобеъ гардонад, ки бачагон ҳамроҳи омӯзгор ва берун аз он якҷоя ҳал менамоянд.
Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки бозӣ барои бача (то ба қарибӣ намуди асосии фаъолияти ӯ) буд. Бозӣ барои бачагон ҳоло ҳам хеле шавқовар буда, онҳо дар ҷараёни бозӣ бисёр чизҳоро омӯхта, малакаҳои нав пайдо мекунанд. Баъзан онҳо ба воситаи бозӣ чизҳоеро аз худ мекунанд, ки бо роҳи таълим муваффақ намешаванд.
Донишдӯстӣ, ки ба ҳама синну соли бачагон хос аст, дар мактаббачагони хурдсол вобаста бо саршавии таълими мунтазам инкишоф меёбад. Хонандагони хурдсол на ҳамчун кӯдакони синни томактабӣ аз ҳар гуна ҷавоб ба саволҳои худ қонеъ намегарданд; ҷавоб ба саволи онҳо аз паси худ як силсила саволҳои дигарро ба вуҷуд меорад: «Барои чӣ?», «Чӣ тавр, аз чӣ сохта шудааст?», «Ин чӣ тавр пайдо мешавад?».
Бача то мактаб омадан аҳамияти донишро аллакай мефаҳмад, вай ба дониш, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дорад, шавқу ҳавас пайдо кардааст. Ин муносибати нисбат ба дониш доштаи бачаро аз қадамҳои аввали таълим инкишоф ва мустаҳкам намудан зарур аст. Шавқи дониш, умуман, оҳиста-оҳиста дилбастагии усулҳои ҷудогонаи кори таълимӣ мубаддал гашта, баъд дар бача рағбат ба мазмуни кори таълимӣ пайдо мешавад.

пешина
аз 142
навбатӣ