МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хонданСАВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) 3) 4) Мафҳуми таҷрибомӯзӣ ва эҷодиёт чист ва шумо онро чӣ гуна мефаҳмед?
То давраи таҷрибаомӯзӣ кадом донишҳоро аз бар намудан зарур аст?
Зарурияти ба таҷрибаомӯзӣ рафтани донишҷӯ-омӯзгори ояндаро дар чӣ мебинед?
Оё, дар давраи таҷрибаомӯзӣ хусусиятҳои психологии хонандагонро меомӯзанд? Чаро?
1.32. Намуд ва давраҳои таҷрибаи педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Мазмуну мундариҷаи давраҳои таҷрибаомӯзиро фарқ карда метавонанд.
• Ҳуқуқ ва вазифаҳои таҷрибаомӯзро шарҳ медиҳанд.
• Таҷрибаи педагогиро таҳлил карда, муносибати худро ба он ифода мекунанд.
• Муносибати педагогӣ бо хонандагонро арзёбӣ мекунанд.
Нақша:
• Намудҳои таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ
• Давраҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ.
НАМУДҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ
Мавқеъи муҳими оғози таҷрибаи педагогӣ аввало дар мустақилона амалкунӣ бо хонандагон мебошад. Агарчи донишҷӯ ба худ боварӣ дошта бошад ҳам вай бояд бо хонандагон аз рӯзҳои аввал чӣ кор кардан, амалан бо онҳо чӣ тавр муомила намуданро дақиқ донад. Чунки вай дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагони синну соли гуногун, хусусиятҳои гуногун ва сатҳи донишу фаҳмишашон гуногун сарукор мебарад.
Дар амалиёти донишҷӯ ҳамаи ин масъалаҳо мувофиқи талаботи давру замон сурат мегирад: бо сустхонҳо, беинтизомон, дар гурӯҳҳои рӯзи шуғлашон бардавом ва ғайра фаъолият мекунад.
Дар давоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ намудҳои зерин таҷрибаомӯзии педагогӣ пешбинӣ шудааст:
– таҷрибаомӯзии таълимӣ;
– таҷрибаомӯзии педагогӣ;
– таҷрибаомӯзии педагогии пешаздипломӣ.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ асосан дар урдугоҳҳои гуногуншакл ва дар муассисаҳои таълимию тарбиявии доимӣ ва муваққатӣ гузаронида мешавад.
Таҷрибаомӯзии педагогӣ дар солҳои таҳсили I–III дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ гузаронида мешавад. Дар ин давра донишҷӯ вазифаҳои сарварони коллективҳои ворисони сомониён, ёрдамчии роҳбари синф, мураббӣ, роҳбари маҳфилро иҷро мекунад, инчунин бо хонандагони алоҳида кор мебарад.
Таҷрибаомӯзии педагогӣ пайваста бо омӯзиши фанҳои сикли психологиюпедагогӣ (муқаддимаи ихтисосӣ омӯзгорӣ, физиологияи синну солӣ ва гигиенаи мактаб, психологияи одам, психологияи синну солӣ ва педагогӣ, назарияҳои педагогӣ ва системаҳои технологӣ) гузаронида мешавад.
Дар машғулиятҳои амалию корҳои мустақилонаи фанҳои сикли психологию педагогӣ ба донишҷӯён супоришҳои амалии педагогӣ дода мешавад, ки онҳо дар муассисаҳои таълимию тарбиявие, ки донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ вобаста шудаанд, иҷро карда мешавад.
ДАВРАҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ - Дар давраи донишҷӯӣ — омӯзиши донишҳои назариявӣ 2) Дар давраи таҷрибаи омӯзгорӣ — дар амал татбиқкунии донишҳои азхудшуда 3) Дар давраи пас аз донишгоҳӣ — гузаштан ба кори амалии омӯзгорӣ Дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ низ ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки аз таҷрибаи пешқадам бархурдор бошад, таҷриба иваз намояд ва дар паҳн намудани таҷрибаи пешқадам иштирок намояд. Мақсади таҷрибаи пешқадам аз он иборат аст, ки омӯзгорон аз таҷрибаи кори пешқадамони таълиму тарбияи насли наврас баҳравар гарданд, роҳҳо ва усулҳои нави корро дар фаъолияташон истифода намоянд, аз дастовардҳои илми педагогика ва равоншиносӣ, ақидаву ғояҳои нав, асарҳову мақолаҳои тозаэҷод хабардор бошанд. Омӯзгорони ҷавон ба дарсҳои омӯзгорони таҷрибанок иштирок карда, методҳои таълими пешқадамро аз онҳо меомӯзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё