Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
– Ҳамроҳи Гулноз дар як дам тайёр кардем, – гуфт ӯ бо ифтихор.
Ин дам Гулноз ин ҷо ҳузур надошт, то гуфтаҳои модарро бишнавад ва фаҳмад, ки очааш ӯро на танҳо хоҳишу танбеҳ медиҳад, ҷояш ояд таъриф ҳам мекунад.
– Гулноз духтари қобилу хушзеҳн аст, – ба таъриф даромад модари Манижа. Имрӯз баъди мактаб ба дугонааш дарс фаҳмонд. Муаллимаш фармудааст. Ин духтари ман ба дарсҳои ҳам он қадар ғайрат надорад.
– Манижа ҳам духтари хуб аст, аз гуфтаҳояш фаҳмидам, ки дастёри дасти рости шумо будааст.
– Ҳа, шукр, – гуфт модари Манижа ва аз чист, ки оҳ кашид.
Сипас суҳбати занҳо тафсид. Модари Гулноз зимнан мушоҳида мекард, ки соҳибхона барои чой ва ҳар чизи даркорӣ худ сӯи ошхона меравад ва боре Манижа назди меҳмонон омада напурсид, ки ба онҳо чӣ лозим? Вай бо тааҷҷуб пурсид:
– Дугонаҷон, Манижа наменамояд, ба ҷое рафтааст?
– Ҳамин ҷо, – гуфт соҳибхона маҳюсона, – вай мубталои телевизор, то намоиши охир аз ҷо начунбида тамошо мекунад.
– Охир иҷозат надиҳед, – гуфт модари Гулноз.
– Дугонаҷон, айби худамон, аз аввал танобашро накашидем, – гуфт ӯ бо таассуф.
Модари Гулноз худтаърифкуниҳои Манижаро ба ёд оварда бо истеҳзо табассум намуд ва фаҳмид, ки чаро Гулноз дугонаашро гусел накардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё