Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ГУЛНАЗАР

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Бо нишони тилло мактаби миёна ва бо дипломи сурх Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст.

Асарҳои эҷодкардаи ӯ «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъной», «Сафина», «Аз барои Гулъизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғ. мебошад.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода.

Бо нишонҳои «Дӯстӣ» ва «Исмоили Сомонӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

пешина
аз 184
навбатӣ